Тоҷикистону Узбакистон корхонаи “Артел Авесто Электроникс” месозад
Ширкати “Авесто Гурӯҳ” ва ширкати “Artel Engineering and Management”-и Узбакистон аз имзои созишномаи самоягузорӣ эълон намуданд
Дар Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон маросими баимзорасонии “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, ширкати “Авесто Гурӯҳ” ва ширкати “Artel Engineering and Management”-и Узбакистон доир ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии “Артел Авесто Электроникс” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии оҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ширкати ватании “Авесто Гурӯҳ” ҳамкориро бо ширкати “Artel Engineering and Management” -и Узбакистон ба роҳ монда, соли ҷорӣ корхонаи муштараки “Артел Авесто Электроникс”-ро дар шакли ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат дар ҳаҷми 50/50 фоизӣ ташкил дода шуд.
“Тибқи нақшаҳои тиҷоратӣ варианти истеҳсолот дар ду марҳила, дар марҳилаи якум истеҳсоли чангкашак ва обгармкунак ва дар марҳилаи дуюм истеҳсоли телевизор ва мошинаи либосшӯӣ интихоб карда шудааст”, - қайд намудааст манбаъ.
Ҳамзамон, тасмим гирифта шудааст, ки дар марҳилаҳои минбаъда маҳсулоти корхонаи муштарак ба ҳамсоякишвари Афғонистон содирот карда мешавад.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 млн. долларро ташкил медиҳад, дар ҳолати татбиқи пурраи лоиҳа барои аҳолии маҳаллӣ 175 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.
Манбаъ зикр намудааст, ки иқдоми пешгирифта ба амалишавии “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” мусоидат намуда, аз ҳадафи чоруми миллӣ дар самти саноатикунонии кишвар асос ёфтааст.
Комментарии (0)