Рӯзи кории бонкҳо дар Тоҷикистон дарозтар карда шуд
Акнун шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд
Оғоз аз 11 декабр Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ то соати 19:00 дароз намоянд.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон, сари вақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ роҳандозӣ шудааст.
Ҳамакнун, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд.
Ёдовар мешавем, ки низомҳои пардохтии "Юнистрим" ва "Контакт" ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд.
Комментарии (0)