Сомон ва Беҳрӯз аз идомаи рақобат маҳрум шуданд

Сомон ва Беҳрӯз аз идомаи рақобат маҳрум шуданд
Федератсияи байналмилалии дзюдо, ки феълан дар Чин ҷараён дорад, барои ду варзишгари тоҷик Сомон ва Беҳрӯз анҷом ёфт

Дар мусобиқаи "Мастерс", ки дар кишвари Чин ҷараён дорад, кишвари моро 4 ҷудочӣ намояндагӣ доранд, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур акнун барои ду варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз  Хоҷазода анҷом ёфт.

Манбаъ меафзояд, Беҳрӯз  дар даври аввал намояндаи кишвари Туркия Билол Чилоғлуро шикаст дод. Вале дар даври дуюм аз ҷудочии кишвари Аморати Мутаҳиддаи Араб  Виктор Сквортсов шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб шуд.

Ҳамзамон Сомон Маҳмадбеков низ дар даври аввал пирӯз шуда, пасон дар даври дуюм аз намояндаи Исроил  Тоҳар Бутбул мағлуб гардида, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.

Бояд гуфт, ки бори аввал дар таърихи дзюдои кишвар чор варзишгари тоҷик ба ин мусобиқа даъват шудаанд – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён  ва Темур Раҳимов.

Сомон феълан дар ҷои 17-уми вазни 73 кг  радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ дорад. Беҳрӯз бошад, дар зинаи 20-уми ҳамин вазн қарор гирифтааст. Комроншоҳ ҷои 18-уми вазни ва Темур  ҷои 27-ум ишғол кардаанд.

Дар мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон, тибқи иттилои сомонаи расмии IJF, 448 варзишгар (230 мард, 218 зан) аз 67 давлат иштирок хоҳанд кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий