Алорағми баҳси допинг: Дилшод Назаров ҳамоно беҳтарин дар варзиши сабук дониста шуд

Алорағми баҳси допинг: Дилшод Назаров ҳамоно беҳтарин дар варзиши сабук дониста шуд
Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон беҳтаринҳои ин бахши варзишро муайян намуда, Дилшод Назаров қаҳрамони ҷаҳонро дар зинаи аввал ҷой дод

Ҳарчанд қаҳрамони олимпӣ дилшод Назаров бо гумони истифода намудан аз маводи манъшудаи допинг аз ҳаққи иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум гардид, вале барои Тоҷикистон Назаров қаҳрамон буд ҳаст ва хоҳад монд.

Назаровро ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он  дар вазъияти барояш бисёр мушкилу печида ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд ва ягон тоҷикистонӣ ба иттиҳоми гӯё истеъмол намудани варзишгар аз маводи манъшудаи допинг боварӣ ҳосил накард.

Зимнан, худи варзишгар низ изҳор намуда буд, ки агар ин масъала дар IAAF ва CAS баррасӣ шавад, ба ҳимояи худ омода аст.

Аммо ин ҳолат ба дубора беҳтарин дониста шудани ӯ дар навъи варзиши сабук монеъа эҷод карда натавонист.

Гузашта аз ин Федератсияи варзиши сабук мақоми дуюмро ба Гулсумбӣ Шарифова дод, ки номбурда дар давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр рекордҳои нави Тоҷикистонро гузошт.

Кристина Пронженко низ дар давидан ба масофаҳои 400 метр ва 400 метр бо монеъаҳо рекордҳои нави миллӣ гузошта, шомили рӯйхати беҳтаринҳои федератсия дар соли 2019 гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий