«Вестерн Юнион» ояндаи наздик ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст мешавад
Низоми пардохтии «Вестерн Юнион» дар ҳоли пайвастшавӣ ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо қарор дошта, рӯзҳои наздик тавассути он интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон имконпазир мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, айни замон низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба маркази мазкур пайваст шуда, интиқоли маблағ бемамониат анҷом пазируфта истодааст.
Гуфта мешавад, ки тавассути Маркази миллии протсессингӣ идораи амалиёти интиқолӣ ба маротиб осон гардида, барои иштирокчиёни амалиёти интиқоли маблағҳо ба манфиат аст. Он ҳамзамон хатари зарарбинии ташкилотҳои молиявиро ҳангоми муфлисшавии низомҳои интиқоли маблағҳо ба сифр баробар менамояд.
Бо назардошти омилҳои мусбати ин марказ ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳим аз ҷумла, истифодаи кортҳои пластикӣ дар амалигардонии интиқолҳои пулиро роҳандозӣ намуда истодаанд.
«Спитамен Бонк» яке аз аввалин ташкилоти молиявие мебошад, ки барои интиқолгирандагон кортҳои байналмилалии Корти Миллӣ/UnionPay- ро ба таври ройгон ба роҳ мондааст.
Ёдовар мешавем, шурӯъ аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ гардида истодааст.

Комментарии (0)