Намоиши саҳнаҳои шаҳвонӣ дар ТВ-ҳои Тоҷикистон манъ мешаванд (ВИДЕО)
Ҳамагуна лаҳзаи бӯсу канор ва ҳамхобагӣ дар филмҳо аз ин ба баъд ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон роҳ нахоҳанд ёфт. Як гуруҳи махсус муваззаф шудаанд, ки филмҳоро қабл аз пахш мӯшикофона тамошо карда ва чунин саҳнаҳоро қайчӣ зананд. Масъулони телевизионҳои давлатӣ чунин саҳнаҳоро "фаҳш" ва "муғойир ба арзишҳои миллӣ" унвон мекунанд.
"Тасаввур кунед, ки..."
Маҳмадшариф Бобозода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "манъи намоиши саҳнаҳои фаҳш ба хотири ҷилавгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ аст".
Тасмими манъи намоиши саҳнаҳои бӯсу канор ва ишқварзӣ дар телевизионҳои давлатӣ дар оинномаи нави "Тоҷикфилм", ки миёнаҳои соли гузашта таҳия шуда буд, таъкид гардидааст. Ин оиннома аз тарафи ҳукумат тасдиқ шуд ва филмҳо бар асоси он пахш мешавад.
"Дар телевизионҳои Тоҷикистон намоиши чунин саҳнаҳо аз рӯйи одоб нест. Тасаввур кунед, ки бо аҳли хонавода телевизионро тамошо доред ва саҳнаи бӯсобусӣ нишон дода мешавад. Духтар дар назди падар ва падар дар назди духтар шарм медорад. Намоиши саҳнаи бӯсобӯсӣ дар фарҳанги мо қабул нест", - шарҳ дод Маҳмадшариф Бобозода.
Тарафдорон ва мухолифони ин тасмим
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бархе аз ин тасмими Кумитаи телевизион ва радио тарафдорӣ мекунанд, вале бархеи дигар онро хилоф ба меъёрҳои як ҷомеаи демократӣ меноманд. Хадича Абдуллоева, омӯзгори 57-сола аз Душанбе, аз ҷумлаи тарафдорони ин тасмим аст. Вай ҳатто панҷ соли пеш ба унвонии телевизиони Тоҷикистон мактуб фиристода буд, ки саҳнаҳои ишқварзиро намоиш надиҳанд.
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/01/7/7a/7a9e9e8d-119b-4166-a863-ad7687b4538e_manifest.mpd]
"Соли 2013 ҳамроҳ бо шавҳар ва духтарону писаронам филм тамошо мекардем. Якбора саҳнаи ҳамхобагии ду нафар намоиш дода шуд. Духтарон аз сари нон хеста ба берун рафтанд. Шавҳарам ва писаронам хиҷолат кашиданд. Ҳамин сабаб шуд, ки нома нависам", - нақл кард Абдуллоева.
Масъулони телевизион низ тасдиқ мекунанд, ки дар гузашта баъди намоиши чунин саҳнаҳо аз тарафи бинандагон вокуниши зиёде гирифта буданд. Вале мухолифони ин тасмим мегӯянд, масъулони телевизионҳои давлатӣ дар фарқи ишқу фаҳш душворӣ мекашанд.
"Бӯсаи ошиқона дигар асту бӯсаи фаҳш – дигар"
Сайёфи Мизроб, рӯзноманигори тоҷик, ин тасмими Кумитаи телевизион ва радиоро "бе мантиқ" медонад ва мегӯяд, масъулон дар ин тасмим "бӯсаи ошиқонаро аз бӯсаи фаҳш фарқ накардаанд". Ӯ гуфт, хилофи намоиши саҳнаҳои фаҳш аст, вале "он чизе, ки телевизионҳо қайчӣ мезананд, ба бадахлоқӣ ҳеҷ рабт надорад".
Ба қавли Сайёфи Мизроб, телевизионҳо ҳатто “дасти бонуеро бӯсидан ва ба оғӯш гирифтанро фаҳш хондаанд”.
“Масалан, бисёр филми хубе аст, “Служебный роман”. Алиса Фрейндлих ва Анатолий Ефремович бозӣ мекунанд. Хонум мудири корхона аст. Ин филм ду саҳнаи ҷолиб дорад. Ҷое дар ҷустуҷӯи гурба бӯсаи ошиқона мегиранд ва баъдан дар филм нишон дода мешавад, ки ӯ аз як хонуми баднамуд ба гули шукуфта табдил ёфт. Он саҳнаро буридаанд ва бинанда намедонад, чаро хонум тағйир кард. Дар охир вақте Алиса ӯро пеш мекунад, бо ҷанҷол дар дохили мошин ӯро буса мекунад. Дар ин ҷо маълум аст, ки бо ҳам созиш карданд. Вале вақте саҳнаи дохили мошинро буридаанд, филм мантиқашро гум кард. Лаззати филм аз байн рафтааст”, - гуфт ӯ.
"На Титаник дар амон монд, на..."
"Ирония судьбы, или С лёгким паром!" филми дигари маъруф аст, ки дар он низ саҳнаи дар оғӯш кашиданро буридаанд. Ба гуфтаи рӯзноманигори тоҷик, ҳатто филмҳои Ҳолливуду Болливуд ва филмҳои маъруфе мисли “Титаник” аз қайчии муҳаррирони телевизионҳои давлатӣ эмин намондаанд.
Аммо Маҳмадшариф Бобошоҳзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио мегӯяд, бо буридани як саҳна маънои филм тағйир намекунад. Ӯ мегӯяд, "баъзан филмҳое ҳаст, ки дар байн як саҳнаи фаҳш дорад, вале худи филм барои мардум омӯзанда аст. Бигзор ҳамон саҳнаро партоянд, вале филм пахш шавад".
Искандар Усмон, коргардони тоҷик, гуфт, ёд надорад, ки муаллифи кадом филме барои буридани саҳна аз маҳсули ҳунараш ризоият дода бошад. Ӯ гуфт, коре, ки ҳоло телевизионҳои Тоҷикистон анҷом медиҳанд, хилофи қонун дар бораи моликият аст.
"Ҳоло Интернет пур аз филмҳои фаҳш аст"
Ин коргардон мегӯяд, саҳнаи пешоб кардани як писарро низ аз филми таҳиянамудаи ӯ бурида буданд, ки каме мӯҳтаворо дигар кардааст. Дар он саҳна, ба гуфтаи коргардон, писар аз масофаи дур намоиш дода шудааст, ки шармгоҳаш намоён нест.
"Дар замони Шӯравӣ ин саҳнаҳоро пинҳон кардан мумкин буд, вале ҳоло дигар Интернет пур аз филму саҳнаи фаҳш аст. Борҳо пешниҳоди намоишгоҳҳои Эронро барои буридани саҳнаи филмам рад карда будам. Фикр мекунам, ягон коргардон ба ин розӣ намешавад", - гуфт ӯ.
Сокинони Тоҷикистон ба намоиши саҳнаҳои шаҳватбарангез дар филму намоишномаҳои театрӣ ҳассосанд. Аз ҷумла, тобистони соли 2017 намоиши "Наход, ки ман нестам"-и ҳунармандони театри Маяковскийи пойтахт бо вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуд. Баъзе аз мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки дар намоишнома гӯё тарғиби фаҳшу шаҳват миёни кӯдаконро дарёфтанд. Ҳарчанд дертар мақомоти театр гуфтанд, ки чунин гап дар ҳаққашон дуруст нест.
Якбора саҳнаи ҳамхобагии ду нафар намоиш дода шуд. Духтарон аз сари нон хеста ба берун рафтанд. Шавҳарам ва писаронам хиҷолат кашиданд.

Комментарии (0)