Аз коргоҳи "Сафедгул -786" ду тонна пахтаро дуздиданд
Се сокини ноҳияи Мастчоҳ шабона бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ-и мазкур даромада, аз он ҷо 2-тонна пахтаи истеҳсолшуда, ки маблағи умумиашон 28 000-сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд
Аз коргоҳи "Сафедгул -786" ду тонна пахта дуздиданд, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи мазкур, корманди ҶДММ "Сафедгул-786" муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум аз корхонаи мазкур 2 тонна "тиллои сафед"-ро рабудаанд.
Ҳодиса шаби 24 то 25-уми декабри соли 2018 рух додааст. Шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба коргоҳ даромада, аз он ҷо 2-тонна пахтаи истеҳсолшуда, ки маблағи умумиашон 28 000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
З"имни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар мардони аз 24 то 30-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи мазкур бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуданд"- менависд ВУД.
Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)