З. АЛИХОНОВ: “ҲНИТ ДАР ПОКИСТОН БАРОИ ОЯНДАИ ХУД АРТИШ ОМОДА МЕКАРД”
Суҳбати ихтисосии нашрияи “Хатлон” бо Зафар Алихонов, ҷавоне, ки 8 сол дар Покистон таълимоти ғайрирасмии динӣ гирифта, дар ҳайати созмони экстремистии “Содиқлар”, ки як ҷиноҳи “Ҳаракати исломии Туркистон” мебошад, дар пойгоҳи низомии террористон дар Вазиристон машқу тамрин кардааст ва чанде пеш аз Туркия ба Тоҷикистон депорт шудааст.
Зафар Алихонов, ки 34 сол дошта, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёна, оиладор, падари чор фарзанд аст, мегӯяд, ки танҳо бо гузашти чандин соли таҳсили динӣ дар Покистон дарк кардааст, ки аксари ҷавонон он ҷо фирефтаи гурӯҳу созмонҳои ифротгарою тахрибгаре чун ҲНИТ, ДИИШ, “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар” мешудаанд. Ин ташкилотҳо, ба қавли З. Алихонов, аз ҳисоби муҳассилони мадрасаҳо барои худ сарбоз омода мекардаанд, то дар оянда барои татбиқи ҳадафҳои низомию идеологиашон ба кор баранд.
- Зафар, метавонед аз достони зиндагӣ ва чӣ тавр ба таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар ҷалб шуданатон нақл кунед?
- Соли 2000-ум мактаби миёнаи №3-и деҳаи Ваҳдати ноҳияи Хуросонро хатм намудам. Баъд аз он ба деҳаамон мавлавӣ Боймуҳаммад, бо тахаллуси мавлавӣ Раҳматулло, ки чандин сол дар Покистон таҳсил карда буд, омад. Ӯ, ки ҳам ҳамсоя ва ҳам хешамон буд, рафтам ба наздаш ва ҳамин тавр таҳсилоти ибтидоии диниро шурӯъ кардем. Баъдан ӯ ба ман тавсия дод, ки ба шаҳри Карочии Покистон сафар карда, таҳсилоти диниро дар мадрасае, ки ӯ хатм кардааст, идома диҳам. “Он ҷо беҳтар ва зудтар меомӯзӣ”, - гуфт мавлавӣ. Бо роҳнамоии ӯ азми сафар кардам. Падару модарро розӣ намудам, маблағ ҷамъ карда, шиноснома ва раводид гирифта, ба он тараф рафтам. Соли 2003 буд. Дар Карочи маро мавлавӣ Муъин ном шахсе пешвоз гирифт. Ҳамроҳ ба мадрасае, ки устодамон мавлавӣ Раҳматулло тавсия дода буд, бурданд. Он ҷо дер шуда буд, қабул накарданд. Баъдан ба мадрасаи “Бибинурия” оварданд. Тавре огаҳ шудам, дар ин мадраса пеш аз мо ҳам тоҷикон мехондаанд. Соли 1992, бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва даврони гурезагӣ, чандин бачаҳо ба таҳсил дар ин мадраса ҷалб шуда, ҳамон ҷо мондаанд. Хуллас, маро ҳам пеши ҳамонҳо бурда партофтанд. Калонашон Маҳмадшариф, Иброҳим, Саид, Талабшоҳ ном ҷавонони тоҷик таҳсил мекарданд. Он вақт тақрибан 30 нафар ҷавони тоҷик буд. Ҳамин тавр, чор сол дар ҳамон ҷо хондам.
- Чунин ақидаҳо низ дар миёни коршиносон роиҷ аст, ки он ҷо аз рӯзҳои аввали таҳсил як навъ зеҳнсозии муҳассилон шурӯъ мешавад ва ин зеҳнсозӣ ба шинохти асли ислом – он ҳадаф, ки бисёриҳоро ба кишварҳои исломӣ мебарад, ҳеҷ рабте надорад...
- Дуруст аст. Тайи чаҳор соли аввали таҳсил шоҳид будам, ки ҷавононе, ки қабл аз мо ба мадрасаи “Бинурия” рафта буданд, ба истилоҳ “ҳама чиро дида буданд”. Яъне як қисмашон дар сафи “Толибон” ҳам ҷангидаанд, қисме дар Афғонистон зиндагӣ кардаанд, ҳама чизро медонистанд. Дар тамрингоҳҳои Пешовар ҳам аз машқҳо гузаштаанд. Баъзеяшон гашта омадаанд ва боз рафтаанд “хонданӣ”. Дар ҳамон ҷо зеҳнсозии моро шурӯъ карда будаанд. Ҷиҳод рафтану чӣ қадар савоб доштани онро ташвиқ мекарданд, дар муҳассилон эҳсоси нафрату бадбинӣ нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистонро бедор мекарданд, тавассути ҳар гуна наворҳои таҳрифшуда Тоҷикистонро бад нишон медоданд. Он замон нафаҳмидам ин ҳамаро. Ҳамон вақтҳо дар миёни бачаҳо аъзои гурӯҳҳои террористӣ ҳам будаанд. Оҳиста-оҳиста дар зеҳни мо таъсир мерасониданд. Гурӯҳҳое буданд, ки аз ҳисоби муҳассилони ҷавон барои худ ҷонибдор, ташвиқотчӣ ва террорист тайёр мекардаанд.
- Кадом гурӯҳҳоро дар назар доред?
- Гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароҳо. Аз он ҷумла “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, «Ансоруллоҳ» ва “Содиқлар”, ки бештар узбекзабонҳоро ҷалб мекарданд. Намояндагони ин ташкилотҳо ба муҳассилони мадраса бо баҳонаи ин ки муҳтоҷанд, маблағ, либосворӣ ва маводи озуқа тақсим мекарданд ва ба ин васила ба худашон ҷалб менамуданд.
- Чор сол таҳсил кардед. Баъд чӣ шуд?
- Баъдан гашта ба ватан омадам. Соли 2007 буд. Таҳсилам пурра анҷом наёфта буд, аз ин рӯ, бояд бармегаштам. Ин дафъа ҳамроҳи худ ҷиянам Муродҷон, ҳамдеҳаам Ибрагимов Садриддинро ба мадраса бурдам. Он вақт дуруст намефаҳмидам, ки мо ба роҳи бад рафта истодаем, иштибоҳ мекунем. Ба дарки ин воқеият, ки гумроҳ шудаам, дар соли шашуми таҳсил расидам. Ба ин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сабаб шуд.
- ҲНИТ? Чӣ тавр?
- Замони таҳсилам дар Покистон медидам, ки раҳбарону фаъолони ҲНИТ ба шогирдони мадрасаҳое, ки ғайриҳанафиянд, яъне мавдудӣ мегӯянд, кумакҳои фаровон мерасониданд. Намояндагони ҲНИТ ба раҳбарии Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба бачаҳое, ки зеҳнашон ба шиагӣ яқин аст, ҳар моҳ стипендияи муайян, инчунин маводи ғизоӣ тақсим мекарданд. Намегуфтанд, ки ин маблағ аз куҷост ва барои чӣ дода мешавад. Хусусан, дар идҳои мазҳабӣ, иди Қурбон маблағ равон мекарданд ва бачаҳои калон гов гирифта, забҳ менамуданд, ба бачаҳо тақсим карда ва барояшон мавъизаҳо мехонданд.
- Мавзӯи мавъизаҳо чӣ буд ва чӣ рабте ба ҲНИТ дошт?
- Дар «мавъизаҳо» асосан аз ҷавонон даъват мешуд, ки ҲНИТ-ро дастгирӣ кунанд, ба узвияти он бипайванданд. “Агар мо аъзо нашавем, ҳизбро дастгирӣ накунем, кӣ мекунад?” мегуфтанд. Бо ин роҳ одам ҷалб мекарданд.
- ҲНИТ он солҳо дар Тоҷикистон расман фаъолият мекард. Пас, ҷалби муҳассилони мадрасаҳо дар Покистон ба узвияти ин ҳизб бо чӣ мақсад буд?
- Ин ҳизб шумораи тарафдоронашро аз ҳисоби одамони мазҳабӣ, бахусус онҳое, ки бештар гаравиш доранд ба равияи мавдудиҳо, шиаҳо, афзудан мехост.
- Чаро маҳз инҳо?
- Равияи мавдудиҳо дар Покистон, ба қавли устодон, ба шиагӣ яқин аст. Равия, ақида, амалаш ба шиагӣ яқин аст. Ин муҳассилон ҳарчанд дар шароити люкс таҳсил мекарданд, ба онҳо аз ҷониби ҲНИТ кумакҳои фаровони доимӣ мерасид. Дар Тоҷикистон низ ходимони ҲНИТ бачаҳоро ҷалб намуда, ба Эрон, ба мадрасаҳои Қум барои омӯхтани мазҳаби шиаҳо бо маблағи худашон равон мекарданд.
Бо маблағи ҲНИТ барои ҷавонон дар Қум ҳамаи чизҳоро фароҳам меоварданд, яъне ҷойи хондан, хоб, стипендия, ҳама шароит муҳайё. Ҳоло ҳам чунин мекунанд. Бачаҳое, ки дар мазҳаби ҳанафӣ мехонанд, аз ҷониби ҲНИТ ёрдам намедиданд. Ақаллан, дар омодасозии ягон санад мусоидат намекарданд. Баъдан фаҳмидем, ки мақсади аслии ҲНИТ паҳн намудани шиагарӣ дар Тоҷикистон будааст. Тамоми мусулмон, тоҷиконро бояд шиа кунанд. Бо ин мақсад ҲНИТ як шабакаи пурзӯри таблиғгаронро месохт.
- Ин чӣ маънӣ дошт?
- Азбаски ёрдамро аз тарафи Эрон мегирифтанд, яъне сарпарасти ҲНИТ Эрон буд, табиист, таблиғи шиа ва сиёсати он кишвар сурат мегирифт. Аз Эрон пул гирифта, ба бачаҳо тақсим мекарданд. Масъулони ҳизби мазкур, аз ҷумла Маҳмудҷон Файзраҳмонов кумакҳои моддиро оварда, дар миёни муҳассилин таблиғот мебурданд, ки ба Тоҷикистон рафта, ба узвияти ҲНИТ пайвандед. Баъди бозгаштан ба ватан шахсан маро не, аммо чанде аз ҳамдеҳагон ва онҳоеро, ки дар Покистону Афғонистон таҳсил кардаанд, ба узвияти ин ҳизб ҷалб намуданд.
- Бисёр вақт, масалан, вақте достони ҷавонҳоеро, ки мераванд ба таълимоти ғайрирасмӣ, мешунавем, онҳо дар бораи ҷалб шуданашон ба машқҳои низомӣ нақл мекунанд. Шумо низ шоҳиди ҳамчунон ҳолат будед?
- Шоҳид будем. Ба бачаҳо амалҳои ифротгароию тахрибкорӣ омӯзонида шуда, ташвиқоти зиддидавлатӣ бурда мешуд. Ин гурӯҳҳо махсус одам доштааанд дар даруни мадраса. Ташвиқот мебурданд, ки дар вақти таътил омада машқи низомӣ гирифта, бо пешвоҳояшон шинос шуда раванд. “Баъдан, ҳар вақте лозим ояд, худамон меёбематон” мегуфтанд. Дар таътил аксар бачаҳо бекор мемонданд. Аз ин фурсат истифода бурда, онҳоро даъват мекарданд, ки аз тамринҳои низомӣ гузаранд.
- Чӣ меомӯзанд дар он машқгоҳҳо?
- Ба он ҷо аксар вақт бачаҳои ҷоҳил мерафтанд, онҳое, ки нав намозро шурӯъ кардаанд, ё ба омӯзиши ислом тоза пардохтаанд. Онҳо мағзшӯӣ мешуданд, барояшон наворҳои видеоиро аз интернет ва дискҳо нишон медиҳанд. Мегӯянд, ки исломи ҳақиқӣ ҳамин аст. Дар навбати аввал, рукнҳои намозро нишон медиҳанд, дуоро меоӯзонанд, баъдан машқҳои ҷисмонӣ ёд медиҳанд, истифода аз автоматро дар кӯҳҳо нишон медиҳанд.
- Яъне ин таълимот аз якчанд марҳила иборат аст?
- Бале, таълимоташон бо марҳила буд. Масалан, як моҳ омӯзишҳои назариявӣ мегузаштӣ, моҳи дуюм истифодаи силоҳи калон, дар марҳилаи сеюм таҷҳизоти худкафонӣ ва мисли ҳамин чизҳоро нишон медоданд. Ман ҳам як дафъа аз ҷониби ташвиқгарони гурӯҳи “Содиқлар” ба чунин таълимоти низомӣ ҷалб шуда будам.
- Гуфтед, ки истифодаи силоҳро низ меомӯзонанд. Оё муҳассилин дар ин тамрингоҳҳо ба аслиҳа дастрасии озод доштанд?
- Нахуст истифодаи автомати Калашниковро меомӯзонанд. Аммо ман он ҷо зиёд набудам, танҳо медонам, ки анборҳои калони силоҳ доранд.
- Дар мадрасаи “Бинурия”, ки таълимоти динӣ мегирифтед, ба масъалаи ахлоқ ва тарбияи шогирдон чӣ гуна муносибат мешуд?
- Ростӣ, азбаски мадраса бисёр калон буд, мудирият рафтори бачаҳоро контрол карда наметавонист. Бачабозӣ зиёд буд дар мадраса. Ҳар рӯз мешунавидем, ки яке бо дигаре бозӣ карда истодааст. Хулоса, ба мисли бачабозӣ бадахлоқиҳои дигаре низ сурат мегирифтанд.
- Шумо гуфтед, ки дар он ҷо чанд созмону ташкилоте ҳаст, мисли «Содиқлар»-у «Ансоруллоҳ», ки ҷавононро ба қавле “вербовка”, чидагирӣ мекунанд. Инҳо чӣ гуна ҳадафҳо доранд ва аз ҳамдигар бо чӣ фарқ мекунанд?
- Ҳадафу идеоложиашон аз ҳамдигар зиёд фарқ намекунад. Фақат дар забон. Тавре болотар гуфтам, раҳбарони ташкилоти «Содиқлар» аксаран ӯзбекистонианд ва сиёсаташонро ба Ӯзбекистон нигаронидаанд. Масалан, дар ин бораҳо меандешанд, ки дар даруни Ӯзбекистон бояд чӣ кор кунанд, куҷоро кафонанд, киро кушанд. “Содиқлар” асосан ӯзбекзабонҳоро ба сафи худ ҷалб мекунад. Калонҳои «Ансоруллоҳ» тоҷикҳо буданд ва сиёсаташонро бештар ба Тоҷикистон нигаронидаанд. Бо ҳамин фарқ доранд, дигар ҳадафҳояшон муштарак аст.
- Ҷамъан чанд сол таҳсил кардед дар Покистон?
- Дар он ҷо 8 сол дар мадраса хондам. Соли 2007 ба зиёрати падару модарам омадаму баргаштам. Дубора соли 2009 барои издивоҷ кардан ба Тоҷикистон омадам. Соли 2010, вақте ки бо дастури роҳбарияти давлат ҳамаи донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ҷалб шуда буданд, ба ватан бозгардонида шуданд, ман низ баргаштам. Дар Тоҷикистон тақрибан ду моҳ истодам. Ҷавоне, ки соли 2007 бо худ ба Покистон бурда будам, нахост ба ватан баргардад. Вай ба узвияти ДИИШ пайваста, дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар амалиётҳои ҷангӣ ширкат меварзад. Дар Тоҷикистон хешу табори он ҷавон ба ман зиёд фишор оварданд, аз ин рӯ, маҷбур шудам, ки ба тарафи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намоям.
- Пас, чӣ хел шуд, ки шуморо аз Туркия депорт карданд ба Тоҷикистон?
- Дар Россия аз Тоҷикистон, аз деҳаамон як одам омада буд. Вай аз Туркия чизҳои куҳна ҷамъ мекарду мисле ки ба тиҷорат машғул буд. Шумораи телефони ӯро дарёфта, ҳолати Туркияро пурсидам. Пурсидам, ки Туркия барои коркунӣ ва зиндагӣ мешавад ё не. Хуллас, бо мусоидати ӯ ба Туркия рафтем. Дар он ҷо кор ёфтам. Кори сохтмонӣ. Баъди чанде зану фарзандонамро, ки дар Тоҷикистон буданд, низ ба Туркия даъват кардам ва якҷоя зиндагӣ доштем. Азбаски ҳуҷҷатҳоям чандон дуруст набуд, маро дар Туркия боздоштанд ва депортатсия карданд.
- Дар Туркия чӣ рӯзгоре доштед? Оё он ҷо намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ бо шумо кӯшиши тамос гирифтан нишон намедоданд?
- Он ҷо низ ташвиқгарон ҳастанд. Масалан, як донишҷӯи тоҷик дар суҳбат бо ман гуфт, ки он ҷо ҲНИТ ячейкаҳои худро дорад. Намояндагони ин ҳизб ҳуҷраҳои кории люкс, яъне хеле хуб, дар таҳи пояшон мошинҳои гаронбаҳо доранд. Аммо ягон нафарашон дар ҷое расман кор намекунанд. Бачаҳое, ки аъзои ин ҳизб шудаанд, аз ҷое кумакпулӣ ё маош мегиранд, ҳуҷҷатҳояшон дуруст аст, бидуни мушкил гаштугузор ва фаъолият мекунанд. Ҳамон ҷо гуфтанд, ки ҲНИТ спонсорҳои хориҷӣ дорад, аз ин рӯ, аъзояш ранҷи муҳтоҷӣ намекашанд.
- Ба фикри шумо, кадом усулҳо, методҳо барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ истифода мешаванд?
- Методи асосиашон маблағ аст. Онҳо ба ҷавононе, ки муҳтоҷанд, кумакҳои моддӣ расонида, онҳоро ба қавле миннатдор мекунанд. Худашонро хизматгори аслии дин нишон дода, бо намоиши видеоҳои сохтаву қалбакӣ онҳоро зидди ҳукумати қонунӣ мешӯронанд. Ҷавононе, ки ҳанӯз аз ҷиҳати илм ва донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ нестанд, бо ин роҳ зеҳнсозӣ мекунанд. Бархеҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб мешаванд. Хуллас, ин гурӯҳҳо ташвиқгарони пурқуввате доранд, ки баъди якчанд суҳбат гузаронидан ҷавонони камтаҷрибаро зуд ба сӯйи худ моил карда метавонанд.
- Шумо, ки таҳсилдидаи мадрасаи динӣ дар як кишвари исломӣ ҳастед, ба назаратон, сохти демократии давлатдорӣ чӣ мухолифате бо идеологияи он гурӯҳҳои ифротӣ дорад? Демократияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Демократия, яъне... Дар ин бора ягон фикр надорам. Шарҳ дода наметавонам...
- Имрӯз давлати Тоҷикистон аз он ки шаҳрвандонаш бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар фаро гирифта шудаанд ё аз онҳое, ки дар сафи ДИИШ дар ҷангҳои Сурияву давлатҳои ҷангзада иштирок мекунанд, нигарон аст. Фикр мекунед, то куҷо ин хавотиршавӣ асос дорад?
- Ин нигаронӣ асос дорад. Набояд гузошт, ки масалан, идеологияи ДИИШ ва дигар созмонҳои ифротӣ ба ҷавонони мо таъсир кунад, ақидаҳои онҳо ба дили ҷавонони Тоҷикистон роҳ наёбад. Идеологияи ин гурӯҳҳо чист? Бо роҳи низомӣ вориди як давлат шудан мушкил аст, аз ин рӯ, онҳо бо роҳи ақидатӣ, идеологӣ мехоҳанд ба ҷомеа таъсир гузоранд ва суботи ҷомеаву давлатро халалдор созанд. Пайравони ДИИШ, ки як созмони террористӣ аст, одамони ғайри худашонро мусалмон намеҳисобанд. Аз ақидаҳои онҳо бояд гурехт. Бисёр радикал ҳастанд.
Инчунин онҳоеро, ки ҳоло ҳам дар мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, бод баргардонид ва мағзшӯйӣ кард, зеро ҳама созмонҳои ифротгарою террористӣ онҳоро зеҳнсозӣ мекунанд.
Аслан, ҳеҷ касе, созмоне, гурӯҳе, ҳизбе бидуни ғараз ба каси дигар кумак намекунад, пул намедиҳад. Ин ҳизбу созмонҳо бо роҳи дастгирии молиявӣ, пардохти маблағи таҳсил ва ҷалби онҳо ба машқу тамринҳои низомӣ дар миёни муҳассилони мадрасаҳо барои худ дар оянда артиш тайёр мекунанд.
- Ба таблиғоти ҷавонон ба сафи ДИИШ-у созмонҳои дигар асосан киҳо машғул мешаванд? Оё таблиғгарон омӯзишҳои махсусеро гузаштаанд?
- Таблиғгаронро асосан аз ҷумлаи пайравони ин созмонҳо интихоб мекунанд, онҳоеро, ки идеологияи гурӯҳ ё ҳизбашонро хуб донанд, илми фалсафа ва психологияи инсонро балад бошанд. Дар Туркия як таблиғгари фаъоли ДИИШ-ро барои он ки одамони бисёреро аз роҳи ташвиқот ба сафи ин гурӯҳ ҷалб карда буд, ҳатто маоши моҳона таъин карда буданд.
- Тавсияи шумо имрӯз ба ҷавонони тоҷик чӣ аст?
- Асло фирифта нашаванд, ба мадрасаҳои номуайяни динӣ нараванд. Фиреби онро нахӯранд, ки дар ин мадрасаҳо таҳсил ройгон аст, шароити хуб дорад, зеро банда ба чашми худ шоҳид будам, ки чӣ рӯзгори сахту сангине доранд муҳассилин дар он ҷо. Дар кишвари худамон ҳамин хел мадрасаҳо ҳастанд, донишҳое, ки кифоя ба ислом аст, дар Тоҷикистон гирифтан мумкин аст. Дар он кишварҳо гурӯҳҳои террористӣ зеҳнҳоро хароб мекунанд. Нафаре, ки шомили ин гурӯҳҳо шуд, агар пушаймон ҳам шавад, дигар аз он баромада наметавонад. Дигар барояшон баромада ба хона рафтанро иҷоза намедиҳанд. Немегузоранд, ё ба сӯят тир холӣ мекунанд ё саратро аз тан ҷудо мекунанд.
Ба падару модарон ҳам муроҷиатам ин аст, ки аз гумроҳшавии фарзандонашон пешгирӣ кунанд. Нагузоранд, ки ҷигарбандашон қурбони бозиҳои ҳароми гурӯҳҳои ифротӣ шаванд, ба қатлу куштори одамони бегуноҳ даст зананд, нисбаташон ҷиноятҳои бадахлоқона содир шавад.
Вақте ки дар Покистон мехондам, ҷиҳодро фақат ба маънои кушокуш, ғайр аз худат касе бошад, қатл кардан, куштан медонистам. Ҳозир яқин медонам, ки ҷиҳод он нест. Ҷиҳод ин ҳимояи ватан, ёрӣ ва хизмат ба падару модар, тарбияи хубу шоистаи фарзандон аст. Ҷиҳод ба маънои дар роҳи ислом ҳаракат кардан аст. Дар даст силоҳ гирию бо мусулмонон ҷанг кунӣ, ин ҷиҳод нест. Ҳоло фикр мекунам, ки ҳамон идеологҳои гурӯҳу созмонҳо барои расидан ба ҳадафашон ба таҳрифи китоби Қуръон низ баъзан даст мезадаанд...

Комментарии (0)