ШӮРАВӢ ДАВЛАТИ АТЕИСТӢ БУД, НА ДИНӢ

ШӮРАВӢ ДАВЛАТИ АТЕИСТӢ БУД, НА ДИНӢ
(Дар ҳошияи матлаби ҳангомаҷӯёнаи ифротиён “Шӯравӣ 
нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард”)

Чанде қабл ба воситаи саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Payom.net, Isloh.net ва дигар шабакаҳо, ки ба гуруҳҳои манфиатҷӯву тафриқаандоз ва ҳаводорону тарғибкунандагони ақидаҳои носолими ТЭТ ҲНИ тааллуқ доранд, матлабе таҳти унвони “Шӯравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард” нашр гардид. Дар ин матлаб мулоҳизаҳои собиқ раиси ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Ашт Абдуманнон Шералиев ба сифати коршинос ва дигаре ҳамчун ҳуқуқшинос оварда шудааст, ки хусусияти тафриқаандозӣ ва ба вуҷуд овардани нооромӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба худ касб кардааст. Тавре аз мутолиаи ин матлаб аён гардид мураттибони ин мақола мақомоти Тоҷикистонро ба он айбдор кардаанд, ки бо қабули як қонун вуруди занону духтаронро ба идораҳои давлативу хусусӣ манъ менамуда бошад. 

Таҳиягарони ин матлаб ба маълумотҳои расмӣ ва тасдиқкунанда такя накарда, аз овозаву ҳангомаҳои бардурӯғу ғайрирасмӣ истифода намудаанд. Ин омил ба он шаҳодат медиҳад, ки таҳиягарон аз сабаби дуриашон аз  хоки Тоҷикистон ноогоҳии худро аз рӯйдодҳои дохилии кишвар нишон додаанд, ки ин боиси таассуф мебошад. 

Нахустин матлабе, ки дар он зикр гардидааст, ин шарҳи оқибатҳои қабули қонуни  манъи вуруди занону духтарон ба идораҳои давлативу хусусӣ ба шумор меравад. Акнун суоле пайдо мешавад, ки чаро ин нафарони ба ном диндор аз ҳиҷобу русарии занони тоҷик сухан ба миён овардаанд? Ба ин суол як мусоҳибаи донишманди Эронӣ Парвиз Шаҳчароғӣ, ки дар сайти рӯзномаи “Фараж” таҳти унвони “Назди онҳо ҳиҷоб ба унвони парчам аст” посух медиҳад. Ин коршиноси маъруфи сатҳи байналмилалӣ дар ҷавоб ба суоли “Ҳарфҳои Шумо дар бораи Парчам ва ҳиҷоб хеле ҷолиб буд” чунин посух додааст: ”Ҳиҷоб барои ифротиён мисли парчам аст. Чун парчамашон аз даст рафт, дигар қудратро ҳам аз даст медиҳанд. Метавонанд дар ҳолати зарурат аз ҳама чиз гузашт кунанд, аммо ҳиҷобро раҳо нахоҳанд кард. Дар байни вакилону вазирону мудирон набояд онҳое бошанд, ки дузанаву сезанаанд ва ё муҳити хонаводагиашон сатрпӯш бошанд. Чун шахси давлатманд яъне корманди мақомот, ки дузана аст, чӣ гуна метавонад аз ҳуқуқи зан дифоъ кунад, ки аз шартҳои муҳими давлати дунявӣ ва демократӣ аст?”. 

Дар қиёс ба ин матлаби олимонаи Шаҳчароҳӣ тавре алакай ба мушоҳида расид ҳарфҳои Абдуманнон Шералиев умумӣ буда, танҳо дар пушти ин ҳарфҳо манфатҳои шахсиву гуруҳӣ пинҳон гардидааст. Мебоист қабл аз  баёни ин ҳарфҳо аз таърих ва ҳодисаҳое, ки ёдовар шудааст (ва мо чандин санадҳои ҷолибро дар зер хоҳем овард) мисол оварда, аз умумигӯиҳои бемантиқона даст мекашид. Абдуманнон Шералиев, ки ҳарчанд қисман маълумоти рӯзноманигорӣ дорад, аммо худ дидаву дониста аз қонунмандиҳои васоити ахбори омма дар шароити навин истифода намебарад ва баръакс бо овардани иттилооти ҳангоматалабона ва таҳлилҳои шахсиву гуруҳӣ мардумро гумроҳ карда истодааст. 

Вобаста ба ин, чунин нигоҳу назараси коршиносоне ба мисли Абдуманнон Шералиев, ки онҳо асосан дар хидмати сомонаҳои ёдшуда ҳастанд ва ба ҳар сухану гуфтори он “балегуён” тавре алакай таъкид шуд омодаи баёни ҳар гуна изҳори назарҳои ҳангоматалабона ҳастанд.

Дар назари аввал бояд афзуд, ки ба хотири паҳни андешаҳои ҳангомаҷуёна масъулини ин сомона ва коршиносони он дар зери мафҳуми сатру ҳиҷоб масъалаи рӯймол бастани занону бонувони тоҷикро ҳамроҳ намуда, мехоҳанд давлату ҳукуматро бадном созанд, ки гӯё ҳуқуқҳои онҳо поймол мешавад. Ин гуруҳҳои зархарид ҳамеша он сатру ҳиҷобе, ки аслан ба фарҳанги миллии мо рабте надорад, мехоҳанд бо руймоли миллӣ омехта намуда, дар ин замина давлатро гунаҳкор бар манъи бастани рӯймол намояд. Ҳол он ки тамоми мардуми Тоҷикистон шоҳид ҳастанд, ки ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ як коргоҳ бастани руймоли миллӣ ва пушидани либосҳои мутобиқ ба фарҳанги миллии мо манъ нашудааст. Марҳамат, ба ихтиёр коргоҳ муроҷиат намоед, занону бонувону духтарони тоҷик озодона аз либосҳои миллии худ, хоса рӯймол истифода мекунанд. Ҳатто дар мақомоти давлатӣ занону модарону хоҳарони зиёде ҳастанд, ки аз либосҳои миллӣ ҳамчун унсури фарҳанги ахлоқӣ истифода мекунанд, касе ба онҳо монеъ нашудааст.  

Абдуманнон Шералиев, коршиносони ин сомона даъво дорад, ки гӯё ин тарҳи зиддиконститутсионӣ, зиддидинӣ ва зиддимардумӣ аст. Ба ў бояд гуфт, ки аввалин маротиба соли 1925 яке аз давлатҳои мусулмонӣ Туркия пўшидани ҳиҷобро барои мусулмонзанҳо манъ карда буд. Сипас мавҷи чунин амал ба дигар давлатҳои мусулмонӣ ба монанди Сирия, Тунис  ва Ироқ (соли 1963) низ интиқол ёфт. 
Айни ҳол дар якчанд давлатҳои аврупоӣ қонунҳои алоҳида доир ба манъи ҳиҷоб (Франсия, Белгия, Испания) амал карда истода, дар баъзе дигарашон (Нидерландия, Швесария, Британияи кабир) омодаи қабул мебошанд. Хусусан, шурўъ аз соли 2010 дар Фаронса қонун оид ба манъи пўшидани ҳиҷоб ва фаранҷӣ амал карда истода, ба  шахсони аз ин қонун саркашикунанда муҷозоти маъмурӣ (ҷарима ба андозаи 150 евро) пешбинӣ шудааст.

Агар дар давлатҳои мусулмонӣ сабаби манъи ҳиҷоб пешгирии амалҳои ҷиноӣ бошад, пас дар давлатҳои демократӣ- дунявӣ асосан барои пешгирии намоиши (демонстратсияи) сару либоси динӣ ва ё мазҳабӣ тааллуқ дорад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки маърифати либоспўшии омирона имрўз дар фарҳанги давлатҳои муосир мавриди таҳлили дақиқ қарор дорад. Чунончӣ, соли 2002 дар Никарагуа ба мактаббачагон пўшидани домани кўтоҳ манъ шуда буд. Соли 2004 бошад, давлати Занзибар чунин қарорро нисбати сайёҳон қабул намуд. Ин тадбир баъдан дар шаҳри Сюдад-Акуни Мексика (2013), Уганда (2013) ва ба монанди инҳо амалӣ гардид.

Нуктаи дигар он аст, ки чун Тоҷикистон дар “Конститутсия” давлати дунявӣ эълон шудааст, бояд ин муддаиён донанд, ки дунявият аз дин фарқ дорад ва дар ҷомеаи дунявӣ ҳамон унсурҳое истифода мешаванд, ки хоси он ҷомеа аст. Аммо дар ҳамин ҳол ҳам танҳо он ҳиҷобу сатре манъ карда мешавад, ки хоси фарҳанги миллии мо нестанд ва набояд ин коршиносон ба баҳонаи унсурҳои бегона ба фарҳанги мо Ҳукуматро ба манъи бастани рӯймол айбдор намоянд.
Танҳо манъ намудани воридшавӣ ба коргоҳҳои давлатӣ тавассути ҳиҷобу сатри бегона ҳаргиз дастдарозӣ ба номуси мардони тоҷик ва таҳқири ними занон нест. Аз ин ҳангома набояд сохт. Марҳамат, боз мегӯем, ки ҳаргиз касе бастани руймоли миллиро манъ накардааст. Ба назар мерасад, ки солҳои охир онон, ки ҳиҷоб ва сатри барои фарҳанги мо бегона мегиранд, зоҳиран ин амалро ба хотири худнамоӣ анҷом медиҳанд. Агар не, чаро онро бо ҳамон руймоли миллии худ иваз намекунанд, ки аксаран имрӯз дар ҷомеаи мо аз он истифода мекунанд. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки асолати исломро қалбан бояд шиносем, на ба пушидани сатру ҳиҷобу риш.
Танҳо пешниҳоди манъи ворид шудан ба муассисаҳои давлатӣ бо ҳиҷоб ва русарӣ нишонаи гирифтани дину оин аз мардум нест, агар Шумо чунин мепиндоред, пас ин маънои онро дорад, ки исломро худ бо он ки даъвои зиёд мекунед, танҳо дар доираи ҳамин сатру ҳиҷобу риш шинохтаед ва аз ин фаротар нарафтаед. Ҳол он ки  аслу ҷавҳари дини мубини ислом болотар аз ин ҳама зоҳиргароиҳост. Мутаассифем, ки ҳамин як рафтори мутобиқ ба низомҳои амалкунандаи ҷомеаи демократиро фоҷеа унвон намуда, танҳо боз ҳам хостори он ҳастед, ки дар доираи он боз ҳам давлат ва Ҳукуматро айбдор кунед, ки пешаи асосии Шумо давоми солҳои охир ба хотири манзури ҳисобот ба хоҷагонатон гардидааст. 
Ҳоло ҳеҷ гап нест, аллакай худи Шумо ҳангомасозӣ намуда, мехоҳед, миёни мардум шуру ғавғо ангезед. Аммо фаромӯш насозед, ки дигар мардуми тоҷик онҳое нестанд, ки қурбони ин дасисаҳо ва ҳангомаҳои Шумо гарданд. Ҷолиб аст, ки диндории асилро Шумо танҳо дар гирифтани сатру ҳиҷоби барои фарҳанги мо бегона мешиносед ва гӯё ин амал диндорони асилро маҷбур ба тарки кишвар мекардааст. Диндори асил ҳамонест, ки Исломро тавассути қалби хеш шинохтааст ва мешиносад, на аз рӯи либосу рӯймолу дигар аломоти зоҳирӣ. 
Зеро дар идомаи ин матлаб баъзе донандагони ҳуқуқ  андешаҳои ҳаммаслакони хешро идома дода аз вайрон шудани ҳуқуқҳои занон ва озодии интихоби либос ва эътиқод сухан кардааст. Чаро озодии эътиқод бояд аз рӯи пушидани сатру ҳиҷоби хоси фарҳанги бегона муқаррар шавад? Боз ҳам мегуем, ки чаро ин гурӯҳҳо намехоҳанд, аз руймоли хоси фарҳанги миллии худ, ки солҳо модарону хоҳарони мо истифода намудаанд, истифода кунанд?. Моҳияти гирифтани ҳиҷоб агар дар асл пушида нигоҳ доштани сару муй бошад, чаро аз ин унсурҳои фарҳанги миллӣ истифода намекунанд?. Диндории асил аз рӯи ҳамин муайян мешавад, на ин ки танҳо пушидани сатру ҳиҷобҳои сиёҳранг, ки хоси фарҳанги милливу динии мардуми мо нест. 

Барои собити иддаои хеш ин коршиносон ба кишвари исломии Эрон, Давлати Қатар, Малайзия мисол меоваранд, ҳол он ки шояд ин навъ пушишҳо мумкин аст, хоси ҳамон давлатҳо бошанд. Боз ҳам пуштибонӣ аз сиёсати низоми исломии Эрон аз ҷониби ин гуруҳ далели он аст, ки ин гумоштагони ТЭТ ҲНИ ҳанузам ақидаҳои хешро дар бораи бунёди давлати исломӣ мехоҳанд тарғиб кунанд. Эътирозҳои чандин нафар занони Эронро ба зидди ҳиҷоб борҳо аз шабакаҳои телевизионӣ нишон доданд ва онҳо низ маҷбуранд бар асари таҳдиди режим ин сатру ҳиҷобро таҳаммул карда истодаанд. Ифротгаройӣ аз чунин тадбирҳои маҷбуркунанда дар кишварҳои исломие чун Эрон сар мезанад, на корҳои дурусти фаҳмондадиҳӣ. 

Ин ки сухан аз иҷборӣ кашидани сатру ҳиҷоб меравад, ҳаргиз асосҳои воқеӣ надорад, чун танҳо гуруҳҳои фаъол корҳои тарғиботӣ бурданд, ки бояд ба ҷои унсурҳои фарҳанги бегона аз падидаҳои фарҳанги миллӣ истифода шавад. Иваз кардани ҳиҷобу сатри бегона бо рӯймол ва унсурҳои фарҳанги миллӣ ҳаргиз ба имони касе халал ворид намекунад. 

Мулоҳизаҳои собиқ раиси ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Ашт Абдуманнон Шералиев ба сифати коршинос ва дигаре ҳамчун ҳуқуқшинос оварда шудааст, ки хусусияти тафриқаандозӣ ва ба вуҷуд овардани нооромӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба худ касб кардааст. Тавре аз мутолиаи ин матлаб аён гардид мураттибони ин мақола мақомоти Тоҷикистонро ба он айбдор кардаанд, ки бо қабули як қонун вуруди занону духтаронро ба идораҳои давлативу хусусӣ манъ менамуда бошад, ки ҷомеаи имрӯза бар зидди ақидаи онҳост.
Пайванд додани ҳодисаи ошӯби Хуҷанд ҳеҷ мантиқе ҳам надорад, зеро ба ҳамагон равшан аст, ки ин гуруҳҳо маҳз тавассути фирефта шудан аз ҷониби саркардагон ва мубаллиғони ТЭТ ҲНИ ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил шуда, ҳатто ба нангинтарин фоҷеаҳои зиддиинсонӣ даст заданд. Дидаву дониста онҳоро дастгирӣ намудани ин коршиносон худ баёнгари он ҳаст, ки ин гуруҳҳо шояд дар тарҳи хуношоми онҳо низ шарик ҳастанд.
Дар ин ҳолат ба андешаи мо ҳаргиз зарурати муроҷиат ба обдусмен ё институтҳои ҳуқуқӣ нест, зеро ҳангомасозӣ ва бозгӯии як ҳолати мутобиқ ба талаботи Қонун ба сурати фоҷеа аз ҷониби ин гурӯҳ маълум аст, ки боз дасисаи навбатиро ангехта мехоҳанд, давлат ва Ҳукуматро гунаҳкор ва тарҳҳои аз хоҷагони хориҷии хеш маблағгузоришавандаро амалӣ созанд, то боз соҳиби маблағҳои навбатӣ гарданд. Вагарна суоли оддие боз ҳамоно пеш меояд, чаро ононе, ки пуштибонӣ аз сатру ҳиҷоби бегона мекунанд, намехоҳанд, занону духтарону модарони хеш танҳо онро бо ҳамон рӯймоли миллии мо ва дигар либосҳои миллии тоҷикӣ, ки беҳтарин суннатҳои фарҳанги исломиро низ таҷассум менамояд, иваз намояд. Ба қавли маъруф, охир аз иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағир намеёбад –ку? Яъне агар, мақсад пушида нигоҳ доштани сарӯ муй аст, ҳоҷат ба сатру ҳиҷоби унсури миллат ва мазҳабҳои дигар нест, фарҳанги миллӣ ва либоси тоҷикии мо маҷмуаи фаризаҳои динӣ ва ахлоқиро бо беҳтарин ваҷҳ ифода мекунанд.
Дар маҷмуъ, метавон таъкид кард, ки айни ҳол дар Тоҷикистон нисбат ба замони Шўравӣ унсурҳои озодии виҷдон хубтар ва бештар риоя мегардад. Агар дар замони Шӯравӣ ҳамагӣ дар тамоми кишвар  17 адад масҷиди ҷомеъ амал мекард, дар замони истиқлолият миқдоран шумораи масҷидҳо ба 3797 адад расиданд. Таҳиягарони матлаби ифротиён дар саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии фейсбук, ки  “Шӯравӣ нисбати дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард” унвон дорад, ноогоҳона ба чунин дасисаҳо даст зада, муваффақиятҳои инкишофи фарҳангии таърихи кишвару миллатро дар замони муосир ба инобат нагирифтаанд ва ба ҳамагон маълум аст, ки чунин матлабҳои баҳсангез чи тавре ки дар боло таъкид гардиданд, танҳо барои ба даст овардани маблағ ва пешниҳоди ҳисобот назди хоҷагони ҳориҷиашон ба шумор меравад...

Устодони “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Комментарии (0)

Оставить комментарий