ФОЛИ ПРОФЕССОР ОДИНАЗОДА

ФОЛИ ПРОФЕССОР ОДИНАЗОДА
Профессор Одиназода бо навиштани мақолаи «Файзинисо Воҳидова бо истифода аз заҳр кушта шудааст» аз ҷанбаҳои илми дақиқ 180 градус рўй гардонида, ба ҷониби фолбинҳо майл намудааст. 

Аз нигоҳи мо мардуми мусалмон марги як инсон боиси шодию тарабӣ касе намегардад ва ҳамчунин касе ҳақ надорад, ки бо истифода аз чунин ҳолатҳо мардумро гумроҳ созад. Профессор Одиназода бо ин мақолаи баҳсбарангезаш маҳз ба моҳигире монанд аст, ки обро гил намуда моҳидоштанӣ аст. Тааҷҷубовараш он аст, ки аз ҳазорҳо километр  Одиназода чи гуна тавонистааст чунин ташхисро анҷом диҳад? 
Суоле ба миён меояд, ки ин кор бо истифода аз кадом усули илмӣ-тадқиқотӣ ё ин ки назари олимони соҳа ё ин ки усули осон ва фитнаангез чун фол ва фолбинӣ анҷом дода шудааст.   

Ба маълумоти Одиназода расониданием, ки Файзинисо Воҳидова дар ташхисгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ дар шаҳри Прага соли 2016 ва дар Федератсияи Русия моҳи марти соли 2018 аз ташхис гузашта буданд. Ба эътимоди духтурон сабаби марги нобаҳангоми марҳумаро сиррози ҷигар номида буданд ва шавҳари маҳрума дар мақолаашон навиштаанд, ки аз «марги ҳамсари ман ҳангома накунед».  

«Сабаби марги Файзинисо Воҳидова сиррози ҷигар аст», қайд менамояд духтури клиникаи хусусии «Наргис» Набиҷон Рауфов, табиби табобаткунандаи ҳимоятгар, ба  агентии иттилотии «АП»  шаби 4 январи соли 2019. Дар раёсати вилоятии тиббӣ ба «АП» сабаби вафоти Воҳидоваро тасдиқ намуда, қайд намуданд, ки ў дар натиҷаи хунравие, ки сиррози ҷигар ба миён овардаст, фавтидааст. 

Ҳамзамон, Н.Рауфов дар сўҳбат бо мухбири радиои «Озодӣ» қайд намуд, ки ҳанўз соли 2015 дар вуҷуди ҳимоятгар Воҳидова Ф. вируси гепатити В мушоҳида гардида буд. «Ў ба ман иқрор шуд, ки бинобар серкорӣ имконияти ба назди табибон рафтанро надошт. Бинобар ин, вақтҳои охир бемории ў шиддат мегирифт»- мегўяд духтур ба радиои «Озодӣ».

Инчунин радиои «Озодӣ» бо дастраси ба гуфтаҳои духтури беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд Хуршеда Оқилова, ки ба он ҷо Воҳидова миёнаи моҳи декабри соли 2018 муроҷиат намуда буд, ҳимоятгар Воҳидова муддати тўлонӣ аз бемории гепатити В ранҷ мебурд, вале ҳамеша аз табобат даст мекашид.  

Мутобиқи гуфтаҳои Хуршеда Оқилова  ў бояд дар як сол ду маротиба аз ташхиси тиббӣ дар беморхонаи сироятӣ мегузашт, вале ин корро низ анҷом намедод. 

Дар асоси тадқиқоти муҳаққиқони соҳа ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки суханони профессор Одиназода ягон асоси воқеӣ надошта, назари шахсии ўро ифода менамояд ва мақсад аз онҳо бори дигар ба гумроҳи андохтани аҳли ҷомеа мебошад. 

Ногуфта намонад, ки ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон – ин ҷомеаи солҳои 90-уми садаи XX набуда, ҷомеаи мутамаддинест, ки атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида бо шиори «Мо, пайравони Пешвои муаззами миллат» кору фаъолият менамояд.
Ойев Н.А., - декани ДСХ;
Нодиров Ф.М., - мудири кафедраи ДСХ.   

Комментарии (0)

Оставить комментарий