Ислом ба зоти худ надорад айбе

Ислом ба зоти худ надорад айбе
Воқеан ҳам сиёсӣ кардани мазҳаб оқибати хуб надорад ва мисоли рӯшани онро мо дар воқеаҳои охирини кишварҳои Араб, дар мисоли давлатҳои Миср, Сурия, Давлати Исломии Ироқу Шом ва ғайра, ки боиси харобию фитна ва ҷангу ҷидолҳои зиёд гардиданд, хуб мушоҳида мекунем.

Албатта, дар ин кор дасти Амрико низ ҳаст. Аз бедонишию бефарҳангии мусалмонон истифода бурда, бародарони ҳамдину ҳаммазҳабро ба вартаи ҳалокатовар тела додаанд, ки натиҷаи он ба ҷуз вайронию харобӣ ва қатлу куштори сокинони ин минтақа дигар чизе нест. Дар баробари ин, ҳаракате бо номи Давлати Исломии Ироқу Шом  арзи ҳастӣ кард, ки аксари кишварҳои Дунё вуҷуди онро барои минтақа хавфнок дониста, онро ба сафи созмону ҳаракати иртиҷоӣ ва террористӣ дохил карда, маҳкум намуданд. Ислом дини мубораку пок аст ва набояд онро ба сифати як дини террористию ифротгаро нишон диҳем. Амалҳои ношоистаи ҳаракати Давлати Исломии Ироқу Шом ба мақому манзалат ва обрӯи дину мазҳаб зарбаи сахт ворид мекунад. Ба ин маъни шоир хеле хуб фармудааст:
Ислом ба зоти худ надорад айбе , Хар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.


Имрӯз, ки ифротгаройии динӣ дар аксари минтақаҳои олам ба таври бесобиқа авҷ  гирифтааст,боиси густариши оммавии ақидаҳои экстремистию террористӣ ва сарчашмаи хатарзо барои амну суботи на танҳо як минтақа , балки  тамоми ҷаҳон гардидааст. Ҳаводиси солҳои охири ВАО Африқои Шимолӣ, Авғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои мусулмонӣ далели возеҳи оқибатҳои манфии афзоиши сатҳи ифротгаройии динӣ ва хурофотпарастӣ мебошад. Ҳоло,ки терроризм ва ифротгаройии хушунатомез ҷуғрофияи худро васеъ намудааст, хабари содир гаштани амалҳои террористӣ ҳар рӯз аз тамоми нуқтаҳои олам садо медиҳанд.

Коршиносон дар он ақидаанд, ки  омилҳои асосии густариши ин зуҳуроти номатлуб инҳоянд:

-раванди умумии баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа, таблиғу ташвиқи бесобиқаи арзишҳои динию мазҳаб, инчунин, афзоиши таълимоти ибтдоии динӣ дар синни  хурдсолӣ, ки мафкураи ҷавононро ба дингаройӣ моил месозанд;

-бо дар назардошти истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби насли ҷавон, паҳнкунандагони идеологияи диниву ифротӣ ин имконияти мусоидро  ба манфиатҳои худ васеъ истифода менамоянд;

-новобаста аз татбиқ намудани чорабиниҳои мушаххас ҳоло ҳам теъдоди муайяни ҷавонон дар кишварҳои исломӣ бо таҳсили ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои таблиғгарони созмонҳои террористӣ заминаи муносиб фароҳам месозад.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ки хатаре аз экстремизм ва терроризм пеш аз ҳама ба кишварҳое таҳдид мекунад, ки аксари шаҳрвандони онҳоро мусулмонон ташкил медиҳад. Табадулоти низомии нокомшудаи ташкилоти террористӣ экстромистии Ҳизби наҳзати ислом, ки моҳи сентябри соли 2015 рух дод, барои миллати тоҷик ҳамчун як омили ҳушдоркунанда маҳсуб мешавад, зеро пеши назари ҳама чеҳраи аслии ин ташкилоти террористӣ  бори дигар ифшо гардид. Мушаххас шуд, ки ин афроди нохалаф, новобаста аз сулҳу салоҳ  ва арзишҳои ваҳдати миллӣ, нақшаҳои нопок доштаанд. Баъди ифшои асрорашон иддае аз саркардагони ин ташкилоти террористӣ боздошт ва қисмате ба хориҷа фирор намуда, худро, худро чун чеҳраи сиёсӣ  муаррифӣ намуда, мақоми паноҳандагӣ гирифтанд.

Ҳоло онҳо талош доранд, ки дар расонаҳои хабарии ҷаҳон бо ҳар василае, ки бошад, номи Тоҷикистон, миллати тоҷикро паст зананд ва вазъи ҳуқуқу  озодиҳои инсонро дар кишвар нигаронкунанда нишон диҳанд. Бо ҳар баҳона кӯшиш мекунанд, ки фазои иттилоотиро ба манфиати гурӯҳии хеш истифода  баранд. Ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеҷ гоҳ ба манфиатимиллату халқ кӯшиш накард ва намекунад. Дар маҷмуъ ҳеҷ созмони динӣ, мазҳабӣ, ки даъвои сиёсӣ менамояд, ба халқу миллат вафодор нест.

Хулоса, дар тамоми замони фаъолият ин ҳизб ба ҷуз таассубу хурофотзадагӣ, вопасгароӣ, куштор, беҳувиятӣ, бадномӣ, сарафкандагӣ, хубиеро барои ин миллат ба бор наовардааст.  Ин  ҳизб ҳамеша алайҳи андеша ва ормонҳои милли амал намуда, бо идеалогияи тафриқагарӣ афроди миллатро дар муқобили ҳам қарор додааст. Барои наҳзатиҳо миллат, ормонҳои милли ва андешаи милли ҳеҷ арзишеву ҷойгоҳе надорад.

Хушбахтона, ин тири хоинон хок хурд ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷумла кормандони соҳаи маориф, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон камари ҳиммат баста, кишвари худро боз ҳам зеботар ва зиндагии шоистаро баҳри шаҳрвандон таъмин месозанд ва дар мубориза зидди чунин амалҳои номатлуб аз қабили тероризму ифротгароӣ хамқадам мебошанд.
Мушовири кабинети методӣ:                            Муҳамади Б

Комментарии (0)

Оставить комментарий