Тоҷикистон баъд аз 7 сол расман ду кони тиллоро ба ширкати чинӣ дод
Имрӯз Парлумони Тоҷикистон созишномаи байни вазорати энергетика ва саноати кишвар бо ширкатҳои чинии “ТВЕА” ва “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”, ки соли 2012 ба имзо расида буд тасвиб кард
Имрӯз 28 декабри соли 2019 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байни вазорати энергетика ва саноати кишвар бо ширкатҳои чинии “ТВЕА” ва “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар бораи бунёди Маркази барқу гармидиҳиро тасвиб кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Палумони Тоҷикистон иттилоъ додааст.
“Дар иҷлосия парлумони кишвар созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ҶСК “ТВЕА”-и Чин ва ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар бораи амалисозии лоиҳаи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ “Бо усули захиравӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - таъкид кардааст порулмони кишвар.
Бар асоси ин созишнома, Тоҷикистон дар ивази хароҷоти бунёди Маркази гармидиҳии Душанбе - 2 ду кони тиллои Кумарғи боло ва Дуоба дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба ширкати ТВЕА медиҳад.
Захираҳои собитшудаи тилло дар ин ду кон 51,7 тонна ва захираҳои таҳқиқношудааш 117, 16 тонна баровард мешавад.
Дар маҷмӯъ дар сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 349 миллион доллар маблағ масраф шудааст, ки аз ин 17,4 миллионашро ҳукумати Тоҷикистон ва бақияро ширкати ТВЕА сарф кардааст.
Комментарии (0)