ҲНИ- поягузори ифротгароии динӣ

ҲНИ- поягузори ифротгароии динӣ
Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ аллакай ба мавҷудияти кишварҳои сайёра хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. 

Ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798-1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хурўҷи терроризм ба охирҳои асри ХIХ рост меояд. Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардида, боис шуд, ки зуҳуроти таҳдиду зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд.

Яке аз поягузорӣ ифротгароии динӣ Ҳизби наҳзати Ислом мебошад, ки аз солхои 90-уми асри гузашта сар карда бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад. Ин созмон фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун оғушта кард. Бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрўхта садҳо ҳазоронро бадбахту хонавайрон кард. Дертар мардум фаҳмид, ки дар бисёр амалҳои хунхоронаи соли 1992 аъзои ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон даст доранд. Бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ҷавонони моро ба сафи ҳаракатҳои террористиву тундгаро, аз ҷумла шиагароӣ ҷалб созанд. Фикру ақидаҳои наҳзатиҳо аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи катъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин маврид, шахси наҳзатӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Чунин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Наҳзатиҳо барои расидан ба хадафҳои худ аз зуроварию хушунат истифода мекунанд. 

Аз ин лиҳоз, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекушанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зурӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ҲНИ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Дар шароити ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат-Ҳизби наҳзати Ислом  нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату  ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорчуӣ мекунанду монанди аксари шахрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷуиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гуё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ  ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. 

ҲНИ- яке аз равияҳои террористи-ифротгароӣ дар кишвари азизи мо мехост, сохти давлатдориро тағйир дода, давлати ба ном исломи бунёд намояд. Яке аз амалҳои хиёнаткоронаю ноҷавонмардонаи ҲНИТ воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли 2015, яъне суиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ мисол шуда метавонанд, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати Ислом сурат гирифтанд. Хушбахтона зиракиву ҳушёрии сиёсии мардуми тоҷик ин амали зишти ифротгароёни ТЭТ ҲНИ-ро пешгирӣ намуд.
Бинобар ин моро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳи ватандустӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ тибқи Паёми Президенти кишвар саҳмгузор бошем.

 Шамиров Душанбе
 сокини ш.Хоруғ, нафақахур

Комментарии (0)

Оставить комментарий