Парлумони Тоҷикистон вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро нигаронкунанда хонд
Парлумони Тоҷикистон шароити муҳоҷирони тоҷик, ки дар қаламрави Русияро кору зиндагӣ мекунанд нигаронкунанда арзёбӣ кард
Хусусан, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро нигаронкунанда гуфт.
"Ман аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори ташвиш мекунам. Қисми ками муҳоҷирони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, зиндагии каме беҳтар доранд, вале нисфи шаҳрвандҳои мо дар шароити вазнин зиндагӣ ва кор мекунанд. Аксар муҳоҷирон ҳатто дар пардохти пули патент азият мекашанд", - афзудааст Зуҳуров дар ҷаласаи парлумон.
Ба гуфтаи Зуҳуров, "сарони давлатҳо, вакилони парлумони ҳар ду кишвар борҳо ҳангоми мулоқотҳои расмӣ вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ карданд. Маскав чун пайваста ин мушкилиҳоро рӯйпуш мекунад ва ҳамаашро хуб, хуб мегӯяд, аз ин рӯ вазъи муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави он кишвар бетағйир боқӣ мондааст.
Зуҳуров ҳамзамон аз ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо сари чанд масъала тамаркуз намуда, афзуд, ки Русия давоми даҳ соли охир аз имзо намудани 3-4 масъалаи муҳиме, ки мавҷуданд худдорӣ мекунад.
Илова бар ин, раиси палатаи поёнии парлумон афзудаст, ки мақомот бояд тамоми корҳоро анҷом диҳанд, то шаҳрвандони тоҷике, ки ба муҳоҷират мераванд, ҳатман забон ва қонунҳои он давлатро хуб донанд, ва ҳамзамон соҳибкасб бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки имсол муҳоҷирони тоҷик наздики 2,5 миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки нисбат ба соли гузашта бештар аст.
Комментарии (0)