"Чакомаи гесу": дар Хуҷанд духтарону занони мӯйдароз ва зеборо ба ҷашнвора даъват мекунанд
Ба ҷашнвораи "Чакомаи гесу" кӯдакони аз 5 сола боло, духтарон ва занон бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ дошта, ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадаст даъват карда мешаванд
Ҳукумати Хуҷанд кӯдакони аз 5 сола боло, духтарон ва занон бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ дошта, ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадастро барои иштирок ба озмуни "Чакомаи гесу" даъват мекунад.
Тавре дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, фестивал 5 феврали соли равон баргузор хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии ҷашнвора намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ мебошад.
"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар Фестивали "Чакомаи гесӯ" кӯдакони аз 5 сола боло, духтарон ва занон бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ дошта, ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадастро барои намоиши ҳунари хеш даъват менамояд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Комментарии (0)