Сафорат ба 140 муҳоиҷир дар Боздоштгоҳи Маскав ройгон санади бозгашт ба Ватан дод
Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия ба яке аз боздоштгоҳҳои шаҳри Маскав рафта аз ҳолати нигаҳдории шаҳрвандони ҷумҳурӣ ошно шуданд ва дар ҳамин Боздоштгоҳ ба 140 нафари шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳодатномаи бозгашт ба кишвар ройгон супориданд
Намояндаглни Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар маҳали Сахароваи шаҳри Москва рафта аз ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар он муассиса ошно гардиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқоти намояндагони сафорат бо роҳбарияти муассисаи мазкур масъалаҳои таҳияи фаврии ҳуҷҷатнигорӣ ва фиристодани шаҳрвандони боздоштшуда ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Кормандони Хадамоти консулии Сафорат инчунин бо саволҳои шаҳрвандон посух дода, ба онҳо машваратҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба ҳозирин оид ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот пешниҳод шуд”,- таъкид намудааст сафорат.
Ҳамзамон, кормандони сафорат зимни боздид аз ин Боздоштгоҳ ба шаҳравандони кишвар, ки дар инҷо қарор доранд маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карданд.
Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия қайд намуданд, ки дар боздоштгоҳ 162 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз он ба 140 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон ройгон таҳия гардид.
Ашхоси боқимонда баъд аз ба танзим овардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Тоҷикистон бозгардонида мешаванд.
Комментарии (0)