Роҳбандиҳо ва тахриби хонаҳои мардум дар ВМКБ баъди барфрезии шадид
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пайи барфрезии шадиди шабонарӯзи охир ва фаромадани тармаю сангрезиҳо дар муҳосира қарор гирифтааст
Тибқи иттилои раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи ВМКБ, роҳи сатҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнон бинобар сабаби фаромадани тармаю кӯҳпораҳо баста мебошад.
Ҳамзамон роҳҳои Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб низ банд шуда, боришоти бошиддати барф дар ҳудуди вилоят идома дорад”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ, ки “Ховар” нашр кардааст.
Ба иттилои мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ғафсии қабати барф шаҳри Хоруғ 35 сантиметр ва дар маҷмӯъ дар вилоят ба 75 сантиметр расида, сабаби ташвиши сокинон гардидаст.
Инчунин мақомот аз тахриби хонаи сокинон дар пайи барфрезии шадид хабар додаанд.
Аз ҷумла дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон болопӯши ҳафт манзили истиқоматӣ хароб гардида, ҳар лаҳза фаромадани тармаҳо дар роҳҳо аз эҳтимол дур нест.
Мақомот таъкид кардаанд, ки феълан сокинони вилоят барои ҷилавгирӣ аз тахрибкориҳо ба тоза кардани бомпӯшҳои биноҳои истоқоматӣ машғул мебошанд.
Комментарии (0)