Як зиндонӣ ҳангоми фирор аз маҳбаси Душанбе кушта шудааст

Як зиндонӣ ҳангоми фирор аз маҳбаси Душанбе кушта шудааст
Як марди зиндонӣ ҳангоми фирор аз маҳбаси рақами чаҳор дар Душанбе, маъруф бо номи "Якум Советский", кушта шудааст. Мақомот гуфтанд, воқеа шаби 21-уми октябри имсол рух дод ва дар ин ҳодиса нозири маҳбас Исмоил Комилзода сахт маҷруҳ шуда, феълан дар бемористон бистарист.

Сабаби фирори маҳбус маълум нест. Мақомот номи марди зиндониро низ дар ихтиёри Радиои Озодӣ нагузошта, танҳо гуфтанд, ки ӯ панҷоҳ сол дошт ва бо ҷурми ифротгароӣ маҳкум шуда буд.

Як манбаъ дар зиндони "Якум Советский" рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "шоми 21-уми октябр кӯшиш кардааст, ки ба болои девори маҳбас баромада, фирор кунад. Ба амри нозирон итоат накардааст ва онҳо тир кушодаанд."

Ҳамсуҳбати мо гуфт, "дар натиҷа мард безарар гардонда шуд", вале аз зарби "осколка" нозири маҳбас Исмоил Комилзода маҷруҳ шудааст.

Рӯзи 28-уми октябр дар бемористони марказии Душанбе вазъи саломати Исмоил Комилзодаро мӯътадил арзёбӣ карданд. Худи ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нисбат ба чанд рӯзи пеш вазъаш беҳтар шудааст.

Комилзода нақл кард, ки шоми 21-уми октябр, баъди он ки маҳбус ба огоҳии кормандони зиндон гӯш надод, тир кушода шуд: “Ҳамон вақт ба ман "осколка" расид ва вазъиятам хеле бад шуд. Маро ба ин ҷо овардаанд, дигар намедонам чӣ шуд.”

Тасдиқи дурустии ин итилоъ аз манобеи мустақил феълан имкон надорад. Ҳамчунин маълум нест, марди зиндонӣ дар чӣ вазъияте қарор доштааст.

Рустам Давлатов, сардори шӯъбаи ҷарроҳии бемористон мегӯяд, Исмоил Комилзода аз пушташ зарба хӯрда, то қафаси синааш ҷароҳат бардоштааст.

Кӯшиши фирор ва кушта шудани як маҳбуси зиндони “Якум Советский” ба замоне рост омад, ки бо имзои қонуни афв дар назар аст, ҳазорҳо маҳкумшуда аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шаванд. Рӯзи 28-уми октябр беш аз 500 зиндонии маҳбаси “Якум Советский” афв ва аз зиндон озод гардиданд. Дар миёни онҳо афроде низ ҳастанд, ки бо ҷурми ифротгароӣ ҳукм гирифта буданд.

Дар солҳои ахир чанд мавриди фирор ва ошӯб дар зиндонҳои Тоҷикистон сабт шудааст. Соли 2016 аз зиндони рақами сеи Хуҷанд дастикам се маҳбус кӯшиши фирор карда буданд, ки баъзе кушта ва бархеи дигар дубора дастгир шуданд.

Дар як соли ахир дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Ваҳдат ду ошӯб сар зад, ки даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ ба ҷой гузошт. Даҳҳо тани дигар бо ҷурми ташкили ошӯб зиндонӣ шуданд ва парвандаи бархеи дигар ҳанӯз дар дасти баррасист.

Коршиносон мегӯянд, ҳукмҳои тӯлонии зиндон ва ноумедӣ аз оянда бархе аз маҳбусонро ба фирор аз зиндон водор мекунад.

Онҳо мегӯянд, аз сӯи дигар, эҳтимоли дар дохили зиндон бад будани вазъи маҳбусон ва аз тарафи зиндониҳои дигар азият шудан метавонад шахсро ба нақшаи фирор бибарад. Вале мақомот кӯшиши фирор ва ошӯб дар зиндонҳоро нақшаи харобкоронаи ифротгароён ва аъзои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” донистаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий