БАЪД АЗ БОЗПУРСӢ ДАР ПРОКУРАТУРА ДУ НАФАР СОКИНИ НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ БА ХУДКУШӢ ДАСТ ЗАДАНД

БАЪД АЗ БОЗПУРСӢ ДАР ПРОКУРАТУРА ДУ НАФАР СОКИНИ НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ БА ХУДКУШӢ ДАСТ ЗАДАНД

Яке аз дӯстони соҳибкор Маҳмудҷон Аҳмадҷонов, ки рӯзи 7 январ худкушӣ кард, хабар дод, ки ӯ ҳамон рӯз баъди бозпурсиаш дар прокуратураи ноҳияи Ғафуров қасди ҷони худ кардааст. Рӯзи 25 декабр Абдуҷамил Ҳафизов, як сокини дигари ин ноҳия низ дар бинои прокуратураи Ғафуров қасди ҷони худ карда буд. Дар ду ҳафта ду қасди худкушӣ баъди бозпурсӣ дар прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суолҳоеро ба вуҷуд меоранд. Суолҳое, ки посухи сареъ ва вокуниши қотеонаро талаб мекунанд.

Яке аз дӯстони соҳибкори 43-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҳмудҷон Аҳмадҷонов рӯзи 13 январ хабар дод, ки Аҳмадҷонов Маҳмудҷон Юсуфҷонович, сокини кӯчаи Хуҷандӣ, ҷамоати Ҳайдар Усмонов, соҳиби 4 фарзанд, санаи 7 январи соли 2019, соати тахминан 16 худро ба дор овехта, кушт. Ба гуфта ҳамсуҳбат дар ин санаи нохуш Маҳмудҷонро муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров даъват карда буд. Баъди аз прокуратура баромада рафтан, ӯ худашро дар хавлии хонааш овехтааст. Пеш аз ходиса прокуратураи нохия нисбати ӯ делои ҷиноятю оғоз карда буд. Ин алакай дуюмин ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандони ин ноҳияи калонтарини ҷумҳурӣ дар пайи бозпурсиашон дар прокуратураи ноҳия мебошад. Ин ду қазия санҷиши ҷиддиеро талаб мекунад, ки чаро шаҳрвандон баъди бозпурсиҳои дағалона дар ин прокуратура ба ҷони худ қасд мекунанд?”


Ба гуфтаи наздикони Ҳафизов, ӯ қаблан бо ҳамсинфаш Равшан тиҷорати муштарак дошт, вале бар сари 35 ҳазор доллар пули як мошин байни онҳо баҳс бархост ва Равшан ба мақомот муроҷиат кард. Абдуҷамил Ҳафизов, ба гуфтаи наздиконаш, қарзу қавола карда, 35 ҳазор доллари Равшанро гардонда дод, вале дар прокуратура аз ӯ талаб кардаанд, ки 35 ҳазор нею бояд 45 ҳазор доллар оварда диҳад.

Рӯзи 25 декабр Абдуҷамил ба ин беадолатӣ тоб наоварда, худро дар бинои додситонӣ дар пеши чашми муфаттише, ки парвандаашро мебурд, корд зад ва ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд.

Маҳмудҷон Аҳмадҷонов низ, ба гуфтаи падараш, қурбонии як парвандаи сохта шудааст.


Маҳмудҷон Аҳмадҷонов, як соҳибкори ширинипаз аз ноҳияи Ғафуровро ду ҳафта боздошт карда, шириниҳои пухтаашро ду ҳафта дар даруни мошинаш нигоҳ доштаанд ва баъди пӯпанак задан ба ташхис бурдаву ба зиддаш парванда кардаанд. Маҳмудҷон Аҳмадҷонов рӯзи 7 январ худро овехт. Падари ӯ мегӯяд, маҳз фишору тазйиқи мақомот сабаби марги писараш шуд. Ба гуфтаи Юсуфҷон Аҳмадҷонов, шириниҳои пухтаи писари ӯро ду маротиба дар намоишгоҳҳое, ки ба муносибати сафари президент Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд ташкил мекарданд, ба намоиш гузоштанд ва ҳарду дафъа баъди ин намоишҳо ӯро мақомот ғам доданд. "Писарам ширинӣ мепухту худаш як ҳаёти талх дошт,” – мегӯяд падари ғамзада...

Маҳмудҷон Аҳмадҷонов, сокини 43-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди нисфирӯзии 7-уми январ худкушӣ кард. Бино ба гуфти падараш Юсуфҷон Аҳмадҷонов, ӯ дар гараж худро овехтааст. Падари ғамзада мегӯяд, қабл аз худро куштани писараш онҳо ҳарду якҷо ба мухлисии бозии футболи байни дастаҳои "Хуҷанд” – "Помир” рафтаанд:

-Мо ки мухлисони ашадии бозии футбол ҳастем, ҳамон рӯз бо писарам ба назди варзишгоҳи "20-солагӣ” рафтем. Писарам маро бо мошин бурд. Вале кӣ занг зад ва чӣ гуфт, ки на маро огоҳ карду на ҳамроҳ овард. Як вақт ба истгоҳи нақлиёт нигоҳ мекунам, ки мошинаш нест. Падар, ки ҳастам, дилам аз пешомади бад гувоҳӣ дод. Паёпай занг зада сабаби беогоҳӣ ва якбора нопадид шуданашро пурсидам. Намедонам, замони занги маро ҷавоб доданаш дар куҷо дар дар пеши кӣ буд, ки гуфт: - "хавотир нашавед дадо, камтар кори фаврӣ баромад. Ягон илоҷ карда биёед” - гуфту гӯширо хомӯш кард.


Ош пухту як бор ҳам насиба накард

Ҳамсарам, ки бемор аст, барои ягон кору ҳол нашуданаш то хона чӣ гуна омаданамро намедонам. Гӯё ба пой не, бо сар давидам. Тахмин соати 11 вақте омадам, ҳама ҷо оромӣ буд. Аммо писарам дар хона ором дунболи корҳои худ банд буд. Дилам ором гирифт ва бозии футболро фаромӯш карда аз пайи оила шудам. Ҳамон рӯз холаи ҳамсараш, ки бемор буд, хостем якҷо аёдат равем. Гуфтам, ки писарам, ҳамсаратро гир, ҳама якҷоя як оши палави бомазза пухта беморбинӣ равем. Нигоҳ кунам, на ҳа мегӯяд, на не. Муаллақ мондаасту хаёлзада. Барои асабашро хароб накардан ихтиёрро ба худаш супурдаму гуфтам:-Набошад як оши хушрӯ пухта мон. Якҷо хӯроки нисфирӯзӣ хӯрем, баъд ҳама аз пайи кори худаш шавад. Бо дили нохоҳам ош пухт. Аммо ҷавонмарде, ки ягон соат дар хона наменишаст, ҳамон аз дар берун намешуд. Хулоса соати 13-и рӯз шуд ва оши палав дам хӯрд. Сари дастурхон якҷо нишаста, ош хӯрданӣ будем. Аммо Маҳмудҷон ба дастурхон наздикӣ накарда "шикамам сер, ягон чӣ намехӯрам” гуфту ба хона дигар гузашт- афзуд падари марҳум Юсуфҷон Аҳмадҷонов.
Баъди намози пешин худро овехт.

Ба худам гумон кардам, ки барои иваз кардани сару либосаш рафтааст. Чунки баъди ош хӯрдан ба беморхона рафтанӣ будем. Ба хонаи наваш равам, лисобҳои наваш дар ҷояш истодаасту аз худаш дарак нест. Саросема шуда, ба кофтукоб даромадам. Як вақт нигоҳ кунам намози пешин хонда истодааст. Аммо ҳамонрӯза ҳаракатҳояш диламро сиёҳ кардан гирифт. То дами намозашро ба охир расонидан боз ба пеши аҳли оила омадам. Дидам, ки 30 дақиқа гузашт, вале аз Маҳмудҷон дарак нест. Хонаҳоро кофтам, ошхонаи ҳаммомро кофтам, ҳоҷатхонаро кобам, боз ҳам дараке нест. Дасту поямро ларза фаро гирифт. Занг занам гӯям, телефонаш дар хона. Ин нигаронии маро дучанд кард. Як вақт дари гаражро кушоям, ки худашро овехтааст. Бандро буридем, то ҷонашро амон бахшем, вале ҷисми беҷонаш алакай сард шуда буд... 


Худаш ширинӣ мепухту ҳаёташ талх буд

Писари раҳматиям аз соли 1996 то имрӯз соҳибкори инфиродӣ буд. Зиндагии мо аз ҳисоби пухтану фурӯхтани набот ва рулет мегузашт. Бо патент фаъолият дошт ва ҳар моҳ ба давлат андозашро месупурд. Вале ду боре ки наботу маҳсулотамонро ба муносибати омадани Ҷаноби олӣ ба намоиш бурданд, аз тарафи кормандони мақомот зери таваҷҷуҳ ва санҷиш қарор гирифтем. Як бор замони ба шаҳри Панҷакент рафтани сарвари давлат чанд сатил наботи моро бурданд барои намоиш. Ҷаноб баҳои баланд дода дастур дода буданд, ки чунин маҳсулотро зиёдтар истеҳсол кунед. Аммо баъди он моро зиёд ғам доданд.

Дуюм маротиба баъди ба Қасри Арбоб омадани Пешвои миллат, ки дар он ҷо низ маҳсулоти ширинии моро ба намоиш бурданд, баъди он намоиш чанд бор кормандон ба хона омаданду дар роҳ писарамро дида ғам доданд. Ин худкушии писарам ҳам баъди як мошин рулеташро гирифта баъди боздошти зиёд дар мошинаш ба ташхис фиристодани онҳо сар зад. Зеро вақте рулетҳоро пухта ба бозор бурданӣ будем, ҳамаашро кормандони мақомот гирифта бурданд. Бурда, 15 шабонарӯз дар дохили мошини писарам нигоҳ доштанд. Баъдан гуфтанд, ки ба мо мошинаш даркор не, дар таҳхона, ки ин молҳоро мушҳо нобуд мекунанд, дар дохили мошин меистад. Имрӯзу пагоҳ гӯён ду ҳафта нигоҳ доштанд. Баъди ду ҳафта бо чашмони худам дидам, ки рулетҳо кап-кабуд пӯпанак бастаанд. Ана дар ҳамон ҳолат барои ташхис бурдаанд. Тахшис ҳам ҳолати онҳоро дида ба ҳаёти одам зараровар баҳо додааст. Баъди он кори мо ба мақомоти прокуратура афтод. Хайрият, аз он ҷо муносибати хуб дидем. Вале гуфтанд, ки мо ҳам парвандаи омадаро баррасӣ мекунем. Писарам аз тарси суду судбозӣ ва оқибати бади кор даст ба худкушӣ зад.

Қазоватро ба худо месупорем, даъвое надорем!

Шояд дар насиби бародарам бо ҳамин гуна ҳолат мурдан навишта шуда буд, ки се фарзанди ширину дилкаш, набера, модару падар ва ҳамсару дигар аъзоёни оилаашро фикр накарда даст ба худкушӣ зад. Фақат аз ҳукуматдорону масъулон ҳамин қадар хоҳиш доштам, ки ризқу рӯзии моро, ки аз пушти пухтану фурӯхтани ширинӣ аст, бигзор ба стандарт ҷавобгӯй кунонида иҷозати комил диҳанд. Чӣ хеле беш аз 20- сол андози давлатро саривақт супурдем, боз ҳам месупорем. Акнун ба ҷои як ноновари оила се ятими ӯ ба зиммаи мо ҳастанд. Бо вуҷуди ин мо аз ягон мақомот шикояте надорем ва аз Худо талаб мекунем, ки хонаи охирати бародарамро обод гардонад!- дасти дуо бардошт додари марҳум Бахтиёр Аҳмадҷонов.

Комментарии (0)

Оставить комментарий