Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Сомон Маҳмадбеков 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мекунад

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Сомон Маҳмадбеков 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мекунад
Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон соҳиби медали тилло ва унвони чемпионӣ гардидани паҳлавони  маъруфи  тоҷик Сомон Маҳмадбековро қадрдонӣ карда, ӯро бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадрдонӣ менамояд. Мукофоти мазкур 24 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зимни маросими бошукӯҳи пешвозгирии  паҳлавони  маъруфи  тоҷик Сомон Маҳмадбеков тақдим мегардад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 17-20 октябр дар шаҳри Марокаш доир гардид, дар вазни -73 кг бар варзишгарони Кеп Верд (Семедо Клаудиано), Қирғизистон (Асад Масабиров), Белгия (Абдул Малик Умаев), дар чорякфинал бар намояндаи Италия (Эдуардо Мелла), дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Россия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.

Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар раддабандии олимпии вазни 73 килои Федератсияи ҷаҳонии дзюдо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар раддабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад.

Қобили зикр аст, ки Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 300 доллари ИМА бархурдор буда, охири сол барои ин дастовардаш дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ бо Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ сарфароз мегардад.

Сомон Маҳмадбекови 20-сола шурӯъ аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии дзюдо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷои 5-умро ишғол кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий