Хатлон Садаро ҷашн мегирад
Ҳукумати вилояти Хатлон хабар дод, ки рӯзи шанбеи 12 январ дар шаҳри Бохтар ҷашни Сада таҷлил мешавад
Тибқи иттилоияи расмӣ, дар доираи таҷлили ҷашни Сада намоиши вилоятӣ баргузор мегардад.
Дар намоиш намояндагони тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба тамошои сокинон ва меҳмонони шаҳр мегузоранд.
“Ҳамзамон ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов барномаи рангин омода кардаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Дар назар аст, ки мақомоти иҷроияи Хатлон ба пешқадамони соҳаи кишоварзӣ ва рўзноманигорон барои инъикоси масоили хоҷагии қишлоқ дар вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кунад.
Комментарии (0)