Ду ҷавон аз "Панҷшер" 36 телефони мобилӣ дуздиданд
Онҳо тақрибан соатҳои 5:00 субҳ вориди мағоза шуда, аз он 36 телефони мобилиро, ки маблағи он 43 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздиданд.
Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ду ҷавонро ба иттиҳоми дуздии 36 телефони мобилӣ дастгир кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷавонон - яке 22 сол дошта, сокини ноҳияи Фархор ва дигар 24-сола сокини ноҳияи Душанбе дар рафти чорабиниҳои оперативӣ дастгир гардидаанд.
Гуфта мешавад, муттаҳамон моҳи ноябр, тақрибан соатҳои 5-и субҳ бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хусусӣ, воқеъ дар бозори “Панҷшер”-и Душанбе даромадаанд.
"Онҳо аз он ҷо 36-адад телефонҳои мобилии гуногунтамға ва 7000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Зарари расонидашуда 43000-сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои раёсат, тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Комментарии (0)