Тоҷикистон дар оғуши барфу борон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст
Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе борон ва барф меборад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боридани борону барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони шиддатнок ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6, инчунин то 10-12 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, инчунин то 13-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борони бошиддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона -4+1 ва рӯзона -2+3 дараҷа гарм мешавад.
Комментарии (0)