Тасмими ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби наздик ба ним миллиард доллар ба иқтисоди кишвар
Қарор аст, дар соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон ба иқтисоди кишвар 445 миллион доллар сармоя ҷалб намояд
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар соли 2019 аз кишварҳои алоҳидаи хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар шакли гранту қарз ба иқтисоди кишвар 445 миллион доллар ҷалб намояд.
Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон дар соли равон барои пушонидани қарзӣ беруна як миллиарду 211,6 миллион сомонӣ (128,4 миллион доллар) масраф хоҳад кард.
Аз маблағҳое, ки ҳукумат мехоҳад ба иқтисоди кишвар ҷалб намояд, беш аз 2,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби қарз ва боқимонда аз ҳисоби грантҳо мебошанд.
Маблағҳои ҷалбшуда барои татбиқи лоиаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар нақлиёт, коммуникатсия, энергетика, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кумак ба буҷет ва ғайра равона хоҳанд шуд.
Ҳукумати кишвар Ҳукумати Тоҷикистон бар он аст, ки қарзи берунаи Тоҷикистон дар охири соли равон ба 235 миллион доллар афзоиш меёбад.
Комментарии (0)