Дар шаҳри Хоруғ машруботи ғайристандартӣ ва маҳсулоти пастсифати ғизоӣ аз муомилот гирифта шуданд
Кормандони бахши вилоятии «Тоҷикстандарт» зимни баргузории санҷиши навбатӣ дар бозор, мағозаву дӯконҳои шаҳри Хоруғ 866 шишаи худсохти арақ ва 132 кг маҳсулоти гуногуни ғизоиро ошкор ва аз муомилот берун карданд. Корманди масъули раёсати мазкур Озодбахт Мародҳусейнов гуфт, ки бештари ин маҳсулот ҳатто ба ташхиси озмоишгоҳ ниёз надоштанд.
Аз рӯи бӯй, ранг ва мазза пай бурдан мумкин буд, ки истеъмоли чунин маҳсулот ба саломатии инсон хатар дорад, аммо баъзе аз фурӯшандагон ба ин нигоҳ накарда, онро аз фурӯш бознадоштанд. Баъди ташхис дар озмоишгоҳи раёсат дар ҳузури комиссияи махсус ин маҳсулот нобуд карда шуд.
Ба гуфтаи ин масъули Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, соли гузашта 10 тонна маҳсулоти мухталифи хӯрокворӣ ва 13 ҳазор машруботи спиртии ғайристандартӣ ошкор ва баъди ташхис дар макони махсус нобуд карда шуд.
Агарчӣ нисбат ба солҳои қаблӣ миқдори маҳсулоти пастсифат дар бозору мағозаҳо бамаротиб коҳиш ёфтааст, аммо ҳанӯз ҳам баъзе тоҷирону соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани маблағ ҷони одамонро зери хатар мегузоранд.
Комментарии (0)