ҚАСДИ КУШТОРИ ЗАНИ ҶАВОН АЗ СӮИ ШАВҲАР ДАР БОҒИ НАВБУНЁДИ ШАҲРИ КӮЛОБ

ҚАСДИ КУШТОРИ ЗАНИ ҶАВОН АЗ СӮИ ШАВҲАР ДАР БОҒИ НАВБУНЁДИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Қасди куштори ҳамсар аз сабаби рашк
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Кӯлоб марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 30-юми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 13 ба 14:00, ҳангоми дар гулгашти боғи навбунёди ба номи "С.Вализода”, воқеъ дар кӯчаи Н.Абдулҳақови ҳамин шаҳр қарор доштанаш, аз сабаби рашк бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ҳамсараш, зани 27-сола, бо корд 11-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

Ба мақомоти милитсия дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки рӯзи 27-уми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 13:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-Астра”, ки дар канори роҳи мошингузари кӯчаи Даминзода беназорат меистод, 3700-сомонӣ, 1-адад корти хотира, 1-адад айнак ва 2-адад корти пластикии бонкиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Роҳи Оҳани шаҳри Кӯлоб, хонандаи синфи 11-уми МТМУ, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ронандаи фирорӣ дар шаҳри Бохтар дастгир шуд

Рӯзи 24-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нива-Шевролет», рақами қайди давлатиаш 933ХА01, Раҷабов Раҳмонқул, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат намудан аз самти бозори ҶДММ «Нихӣ», дар роҳи мошингард бехатарии ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагард Гулмуродов Сангалӣ, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ба саломатияш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии дараҷаи вазнин бардошта, дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов бистарӣ гардидааст.
Ронанда Раҷабов Раҳмонқул дидаву дониста пиёдагард Гулмуродов Сангалиро дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок гузошта, ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур сохтани худ аз кормандони милитсия паноҳҷӯӣ намуда, мехост қисмҳои эхтиётии осебдидаи воситаи нақлиёташро иваз карда, нишонаҳои ҷиноятро нест намояд. Дар рафти бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Раҷабов Раҳмонқул дар як муддати кӯтоҳ дастгир карда шуд.
Нисбати номбурда дар ШВКД шаҳри Бохтар бо аломатҳои моддаи 127 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён


Комментарии (0)

Оставить комментарий