Ҳавошиносон "бонги хатар" мезананд: дар Тоҷикистон ҳавои сард ва тармафароӣ дар назар аст
Ду рӯзи ахир ҳаво дар Тоҷикистон якбора сард шуда, бориши борону барф дар назар аст. Дар минтақаҳои баландкӯҳ лағжиши тарма дар назар аст. Аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки пеш аз сафар ҳолати худравҳои худро назорат кунанд. Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба минтақаҳои мушкилгузар худдорӣ кунанд.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои 8-9 январ дар кишвар бориши барфу борон пешбинӣ мешавад.
Бино ба иттилои обуҳавошиносони Тоҷикистон, ба истиснои вилояти Суғд дар бархе аз манотиқи кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боришоти зиёд меборад.
"Рӯзҳои 8-10 январ дар ҷануби доманаи Ҳисор ва навоҳии ғарбии ВМКБ эҳтимоли суқути тарма вуҷуд дорад.
Ронандагон дар ҷоддаҳои мошингарди кӯҳӣ ҳангоми убур аз манотиқе, ки хатари суқути баҳман дорад, бояд фосилаи миёни худравҳо – 500 метрро риъоят кунанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Рӯзҳои 8-9 январ дар ҷоддаи мошингарди Душанбе-Хуҷанд барф меборад ва яхбандон ҳосил мешавад.
Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба манотиқи мушкилгузар худдорӣ кунанд.
Комментарии (0)