Нарзуллоҳи Латиф: Дилшод Назаров метавонад аз бозиҳои олимпӣ дар соли 2020 маҳрум шавад
Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон гуфт, агар истеъмоли допинг тасдиқи худро пайдо кунад, Дилшод Назаров метавонад аз бозиҳои олимпӣ дар соли 2020 маҳрум шавад
Нарзуллоҳи Латиф, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, гуфт моҷарои допинги Дилшод Назаров тамоми мардуми Тоҷикистонро нигарон кардааст.
“Дилшод Назаров соли 2016, ки қаҳрамони бозиҳои олимпӣ шуд аз допинг гузашта буд, он замон чизе пайдо накарданд. Ҳайрон ҳастам, ки чи тавр зимни тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯъ пайдо карданд. Созмони мустақили The Athletics Integrity Unit қоидаҳои худро дорад ва он барои мо муаммост. Аммо аз он хатар дорем, ки агар ин хабар тасдиқи худро пайдо кунад ӯро аз чиҳо ва барои чанд сол маҳрум мекарда бошанд”, - изҳор дошт Назуллоҳи Латиф дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Вай гуфт, агар Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 27-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад, ширкат накунад, ба бозиҳои олимпии соли 2020, ки дар шаҳри Токио баргузор мегардад, роҳхат намегирад.
“Албатта ин моҷаро аллакай ба ояндаи варзишгар таъсир расонд, чунки ин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон пеш аз бозиҳои олимпии соли 2020 аст. Варзишгароне, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Доҳаи Қатар дар рақобатҳои инфиродӣ меъёрҳои муқарраркардаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF)-ро иҷро мекунанд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд. Ӯ ҳоло аз ин монд”, - таъкид дошт коршинос.
Коршиноси варзишӣ гуфт, пеш аз ҳама варзишкор барои медал мубориза мебарад, аммо асос ин дарёфти роҳхат ба бозиҳои олимпӣ мебошад.
Нарзуллоҳи Латиф, зикр кард, ки Дилшод Назаров аз моҳи апрел инҷониб дар ягон мусобиқа иштирок накардааст. Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ягона мусобиқае буд, ки Дилшод Назаров метавонист меъёри муқарраршударо иҷро кунад ва ба бозиҳои олимпӣ роҳхат бигирад.
Ҳамзамон коршинос ёдовар шуд, ки ингуна моҷарои допингӣ дар таърихи варзиши тоҷик барои авалин бор нест.
Аз ҷумла Умед Ҳасанбеков, узви дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон барои истеъмоли допинг то соли 2023 - аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум шудааст.
Аз ин пеш хабари истеъмоли маводи мамнӯъ аз ҷониби ду варзишгари Тоҷикистон – Хуршед Бекназаров, узви мунтахаби ҷавонони футболи кишвар ва Зелимхон Юсупов, узви мунтахаби куштии озод, расонаӣ шуда буд.
Комментарии (0)