Дилшод Назаров аз Қатар ба Душанбе баргашт

Дилшод Назаров аз Қатар ба Душанбе баргашт
Варзишгари маъруфт тоҷик ва қаҳрамонии олимпии соли 2016 Дилшод назаров, ки мебоист дар қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекард, аз Қатар ба Душанбе баргашт

Дилшод Назаров пас аз баргаштан ба Тоҷикистон изҳор намудаст, ки дар зудтарин фурсат изҳорот бо далели қотеъ нашр мекунад.

Қаҳрамони олимпӣ  дар сафҳаи Instagram навиштааст, ки изҳороташро роҷеъ ба муттаҳам шудани ӯ ба истеъмоли допингро дар рӯзҳои наздик бо далелҳо интишор мекунад.

Ёдрас мешавем, ки Ахиран ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар дода буд, ки дар робита ба истифодаи допинг варзишгари маъруфи Тоҷикистон Дилшод Назаров муваққатан ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалиро надорад.

Рӯзи 25 сентябр Дилшод Назаров дар нахустин изҳороташ дар робита ба моҷарои допинг гуфт, ки аз ин хабар ба ҳолати шок афтодааст, вале бо ин вуҷуд як адвокати аврупоиро киро кардааст, то номи худро аз ин доғ пок кунад ва обрӯяшро барқарор кунад. Дилшод Назаров истифодаи допингро рад кард ва гуфт бо тамоми масъулият эълон мекунам, ки ҳамаи ҷоизаҳоро бо муборизаҳои ҳақиқӣ ба даст овардам.

Дилшод Назарови 37-сола нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий