Тоҷикистониён ба хотири дастгирӣ аз Дилшод Назаров садо баланд намуданд

Тоҷикистониён ба хотири дастгирӣ аз Дилшод Назаров садо баланд намуданд
Дар Тоҷикистон ҳама ба ҷонибдорӣ аз гурзандози маъруф, қаҳрамони олимпии соли 2016, Дилшод Назаров садо баланд намуданд

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон фаъолона ва дастаҷамъона варзишгари маъруф Дилшод Назаровро ҷонибдорӣ мекунанд.

Варзишгари тоҷик ахиран ба истеъмоли маводи тавонбахшӣ - допинг гумонбар дониста шуд. Аммо мухлисон ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин иддаои ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук боварӣ надоранд ва онро қотеъона маҳкум мекунанд.

Зимнан ҷонибдорони Назаров дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ даъват намуданд, ки ба ҳамаи иддаои бофтаи ин ниҳод бовар накунад ва рӯҳафтода ҳам  нашавад, зеро онҳо ба бозиҳои мунсифонаи ӯ бовари доранд .

"Барои мо Дилшод қаҳрамон буд, ҳаст ва мемонад", -  мегӯянд мухлисони ӯ дар Instsgram.


Мухлисони қаҳрамони олимпӣ бар ин боваранд, ки тамоми иттиҳомот алайҳи ӯ дар зудтарин фурсат бартараф мешаванд ва Lилшод ба идомаи мусобиқаҳо давом медиҳад.

Зимнан худи варзишкор низ аз муттаҳам шуданаш ба истеъмоли допин ибрози назар намуда чунин гуфтаст, ки "ман дар ҳолати шокам, ҳам барои он ки гӯиё дар намунаҳои соли 2011 истифодаи допингро ошкор кардаанду ҳам барои барканориям аз қаҳрамонии ҷаҳон дар Доҳа. Ҳамаи ҷоизаҳоро дар зӯрозмоиҳои мунсифонаю воқеӣ ба даст овардаам".

“Бо ин мақсад вакили мудофеи шинохтаи аврупоиро ҷалб кардам, ки аз ҳаққу эътиборам, дар сурати зарурат то марҳилаи додгоҳӣ ҳимоят хоҳад кард. Умед дорам, ки дар ояндаи наздик номи неки худро барқарор мекунаму парчами давлатамонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боз боло мебардорам”, - таъкид намуд Назаров.

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи рӯзи сешанбе Ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар дода буд, ки дар робита ба истифодаи допинг варзишгари маъруфи Тоҷикистон Дилшод Назаров муваққатан ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалиро надорад.

Дилшод Назарови 37-сола нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий