"Допинги Дилшод" додгоҳӣ мешавад? Назаров вакили дифоъ гирифт

"Допинги Дилшод" додгоҳӣ мешавад? Назаров вакили дифоъ гирифт
Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ гуфт, барои исботи бепоя будани барканорияш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Доҳа ва ҳифзи шаъну эътибораш омода аст, то додгоҳ биравад

 Гурзандози тоҷик гуфт, алайҳи тасмими барканорияш аз қаҳрамонии ҷаҳон дар Доҳа барои гӯиё истифодаи допинг омода аст, ба додгоҳ муроҷиат кунад.

“Ман дар ҳолати шокам, ҳам барои он ки гӯиё дар намунаҳои соли 2011 истифодаи допингро ошкор кардаанду ҳам барои барканориям аз қаҳрамонии ҷаҳон дар Доҳа. Ҳамаи ҷоизаҳоро дар зӯрозмоиҳои мунсифонаю воқеӣ ба даст овардаам”, - изҳор доштааст Назаров дар суҳбати телефонӣ бо РИА Новости.

Қаҳрамони олимпӣ таъкид кардааст, ки ҳамаҷониба омода аст, бо ниҳодҳои варзишӣ ҳамкорӣ кунад.

“Бо ин мақсад вакили мудофеи шинохтаи аврупоиро ҷалб кардам, ки аз ҳаққу эътиборам, дар сурати зарурат то марҳилаи додгоҳӣ ҳимоят хоҳад кард. Умед дорам, ки дар ояндаи наздик номи неки худро барқарор мекунаму парчами давлатамонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боз боло мебардорам”, - таъкид намуд Назаров.

Ахиран ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар дода буд, ки дар робита ба истифодаи допинг варзишгари маъруфи Тоҷикистон Дилшод Назаров муваққатан ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалиро надорад.

Дилшод Назарови 37-сола нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий