ЧОР МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ВОЛГОГРАД ЗАҲРОЛУД ШУДААНД
Шоми 23 ба 24 сентябр чор муҳоҷири тоҷик, ки дар як қаҳвахона дар ноҳияи Дубовскойи вилояти Волгоград кор мекарданд, ба сабаби сардӣ дар тағораи ҳаммом ҳезум партофта, гулхан даргирондаанд, то ки гарм шаванд. Шабона онҳоро хоб мебарад ва субҳи 24 сентябр саркор (бригадир)-ашон омада, мебинад, ки ҳар чор беҳуш хобидаанд. Табибони «Ёрии таъҷилӣ» се муҳоҷири тоҷикро ба реаниматсия фиристоданд, вале чорумӣ – шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон – алакай ҷон дода буд...
Раёсати тафтишоти вилояти Волгогради Русия хабар дод, ки муфаттишони шуъбаи байниноҳиявии Городнишенский дар робита ба марги як муҳоҷири хориҷӣ дар ноҳияи Дубовской санҷишро шурӯъ кардаанд. Ҷасади ин марди 37-соларо субҳи 24 сентябр аз хобгоҳи як қаҳвахонаи воқеъ дар ноҳияи Дубовской пайдо карданд.
Мақомоти тафтишотӣ марди ҳалокшуда ва се муҳоҷири дигари осебдидаро дар гузориши расмиашон танҳо «шаҳрвандони яке аз кишварҳои хориҷаи наздик» ном бурдаанд. Вале нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла «Волгоградская правда» ва «Новости Волгограда» бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои тафтишотӣ хабар доданд, ки ҳам ҳалокшуда ва ҳам се муҳоҷири дигар ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Бино ба иттилои тафтишот, ҳар чор осебдида чанде пеш аз Тоҷикистон бо мақсади мардикорӣ ба вилояти Волгоград омада, дар қаҳвахонае дар ноҳияи Дубовской ба кор даромаданд ва дар як хобгоҳ (жилая пристройка) дар канори ин қаҳвахона шабро рӯз мекарданд.
Азбаски хобгоҳашон сард буд, муҳоҷирон шоми 23 сентябр дару тирезаҳоро пӯшида, дар ваннаи чӯянӣ оташ афрӯхтаанд, то ки гарм шаванд. Шабона муҳоҷиронро хоб мебарад ва субҳ саркор (бригадир)-и онҳо вақте меояд, мебинад, ки ҳар чор беҳуш хобидаанд. Саркор ба «Ёрии таъҷилӣ» занг мезанад. Табибон се муҳоҷирро ба реаниматсия мефиристанд, вале муҳоҷири чорумро наҷот дода наметавонанд. Ин шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон алакай ҷон дода буд.
Ноҳияи Дубовской бо тақрибан 30 ҳазор аҳолӣ дар соҳили дарёи Волга дар тақрибан 90-километрии шимоли шаҳри Волгоград ҷойгир шудааст.
Сарчашма: https://akhbor.com/-p10194-119.htm
Комментарии (0)