Шӯрои уламо гуфт, рӯҳи киҳо ба азобу шиканҷа гирифтор хоҳад шуд

Шӯрои уламо гуфт, рӯҳи киҳо ба азобу шиканҷа гирифтор хоҳад шуд
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт рӯҳи мурдагон то рӯзи қиёмат дар куҷо мемонад ва рӯҳи кадом гурӯҳи одамон ба азобу шиканҷа гирифтор хоҳад шуд

 Файзуллоҳ, як корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз ин ниҳод суол кардааст, то рӯзи қиёмат рӯҳҳои мурдагон чӣ мекунанд.

"Даромадан ба биҳишт ё дӯзах дар рӯзи қиёмат хоҳад шуд. То рӯзи қиёмат рӯҳҳои мурдагон чӣ мекунанд?", - суол гузоштааст Файзуллоҳ.

Дар посух ба суоли ин корбар Шӯрои уламо гуфтааст: "Бародари азиз, рӯҳҳои мурдагон то рӯзи қиёмат дар олами арвоҳ мемонанд. Аҳли имону амали солеҳ роҳату осоиш меёбанд ва аҳли маъсияту гуноҳ ба азобу шиканҷа гирифтон мешаванд".

Ин ниҳод инчунин ба Усмон, корбари дигар, ки аз волидони арӯсшавандааш гила кардааст, ҷавоб додааст.

"Ман муддати се сол бо духтаре дар фотиҳа будем. Байни мо ягон нофаҳмие вуҷуд надошт. Падару модарашро эҳтиром мекардам. Аммо онҳо вақти наздик шудани тӯй найранге бофта, ӯро аз ман ҷудо карданд. Гӯиё аз ман беҳтару болотарашро ёфтаанд. Ин корашон бисёр аламовар буд, онҳо дили маро ранҷонданд. Оё онҳо муртакиби гуноҳ шудаанд?", - суол гузоштааст Усмон.

Шӯрои уламо ҷавоб додааст, ки дар ин қазия ризояти духтар барои издивоҷ ҳатмӣ аст.

"Волидони духтар дар ин қазия гунаҳгор нестанд, зеро онҳо хушбахтии фарзандашонро мехоҳанд. Худованд ба ҳақиқати ҳол доност. Барои додани посухи мушаххас огоҳии пурра аз тафсилоти ин қазия зарур аст", - таъкид намудааст Шӯро.

Комментарии (0)

Оставить комментарий