Тоҷикистон 31 нафар шаҳрвандони хориҷиро аз қаламрави кишвар депорт намуд
Амалиёти "Нелегал-2019" дар тамоми манотиқи кишвар гузаронида шуда, гурӯҳҳои таъсисдодашуда риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷозатномаи кор ва риояи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор доданд
Дар Тоҷикистон сар аз 9 то 12 сентябри соли равон марҳилаи сеюми амалиёти "Нелегал-2019" доир гардид.
Бар хабари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон амалиёти мазкур аз ҷониби ВУД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баргузор гардид.
Гуфта мешавад, амалиёти "Нелегал-2019"дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ доир гардида, дар ҷараёни он аз ҷониби гурӯҳҳои кории таъсисдодашуда риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Манбаъ меафзояд, ки дар анҷоми амалиёти мазкур муайян карда шуд, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 145 ҳолати қонуншиканӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла 105 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубош, бақайдгирӣ ва вуруду хориҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, инчунин 40 ҳолати риоя нанамудани қоидаҳои фаъолияти меҳнатӣ содир шудааст.
Нисбати 145 нафар вайронкунандагони қоидаҳои муҳоҷиратӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ ва аз ин теъдод барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон 31 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.
Комментарии (0)