Муҳоҷирони тоҷик минбаъд барои кор ба Қатар мераванд?

Муҳоҷирони тоҷик минбаъд барои кор ба Қатар мераванд?
Тоҷикистон бо Қатар масоили таъсиси гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар, имконияти танзими давраҳои омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ ва ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори меҳнати Қатарро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Хисрав Соҳибзода, сафири Тоҷикистон дар Қатар зимни дидору гуфтугӯ бо Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру, вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии ин кишвар дар шаҳри Давҳа роҳҳои татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи кориро матраҳ кардааст.

Созишнома миёни Тоҷикистону Қатар дар бораи танзими нерӯи корӣ рӯзи 3 феврали соли 2019 дар шаҳри Давҳа аз тарафи намояндагони Вазорати кори ду кишвар имзо гардид.

Дар Тоҷикистон камбуди ҷойи кор яке аз мушкили асосист ва солона беш аз як миллион нафар бо умеди дарёфти рӯзӣ ба Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар мераванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, масъули ҷалби сокинон барои кор дар Қатар  Оҷонси таъмини ҷойи кор дар хориҷи кишвар хоҳад шуд, ки дар назди Вазорати меҳнат ва бар асоси тақозои кордиҳандагони Қатар амал хоҳад кард.

Бар асоси созишномаи танзими нерӯи корӣ, масъалаҳое ба монанди маошу пардохтҳои иҷтимоӣ, бима (суғурта), харҷи сафар ва дигарҳо аз пеш танзим мешавад.

Қатар аз кишварҳои хурди сарватманди арабӣ ва аз Тоҷикистон дар фосилаи 2 ҳазору 400 километр дур воқеъ аст. Аҳолии ин кишвар, ки шумори зиёдашон хориҷиҳо мебошанд, тақрибан 3 миллион нафар аст.

Созмони Милали Муттаҳид ин кишварро дар шумули давлатҳое ном мебарад, ки сатҳи зиндагиаш баланд буда, суръати рушди инсониаш ҳам нишондодҳои хуб дорад. Қатар дорои захираҳои бойи гази тибиӣ ва нафт мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий