Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи телефон имконпазир шуд
"Сбербанк", калонтарин бонки Русия аз фароҳам шудани имкони интиқоли пул ба Тоҷикистон тариқи рақами телефони мобилӣ хабар дод
Ҷуғрофияи интиқоли фаврии маблағ тариқи рақами телефон бо истифода аз низоми “Сбербанк” васеътар шуд, хабар додааст дафтари матбуоти ин бонк.
Ба иттилои манбаъ, мизоҷони замимаи “Сбербанк Онлайн” метавонанд ба воситаи рақами телефон маблағро ба кортҳои бонкие гузаронанд, ки ба ин рақамҳо пайваст мебошанд. Манбаъ афзуд, ки феълан мизоҷони бонкҳои “Спитамен бонк”, “Коммерсбонк Тоҷикистон” ва муассисаи “Душанбе ситӣ” чунин имкониятро доранд ва аз оғози моҳи октябр инчунин бонки “Эсхата” низ ба ин феҳраст пайваст хоҳад шуд.
Таъкид шудааст, барои интиқоли маблағ танҳо зикри рақами телефоне, ки корт ба он пайваст мебошад, кофист. Ҳаққи интиқол 1 дарсадро ташкил дода, ҳадди аксари маблағе, ки метавонад тариқи ин низом интиқол дода шавад, 50 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Игор Мамонтов, ноиби президенти “Сбербанк” бо изҳори хушнудӣ аз фароҳам шудани чунин имкони интиқоли маблағ ба Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ҳамкорӣ бо шарикони хориҷиро густариш хоҳанд дод.
“Интиқоли маблағ тариқи рақами телефон ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ин раванд зудтару роҳаттар ва аз ҳама муҳимаш бо шарту ҳаққи хидмати шаффоф амалӣ шавад”, - изҳор доштааст Мамонтов.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва маблағи ирсолкардаи онҳо аз омилҳои асосии таъмини суботи иҷтимоӣ иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мешавад.
Комментарии (0)