Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли пулҳои шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон 649 миллион долларро ташкил додааст
Ҳаҷми интиқоли пули шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон нисбат ба соли гузашта 23 миллион доллар коҳиш ёфтааст, гуфта шудааст дар гузориши Бонки марказии Русия.
Дар моҳи январ-июни соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул 649 миллион долларро ташкил додааст. ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2018 ин маблағ 672 миллион долларро ташкил медод.
Ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон аз Қазоқистону Қирғизистон зиёдтар будааст аммо камтар аз Узбакистон.
Узбакситон дар интиқоли маблағ аз Русия нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи марказӣ пешқадамтар будааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба ин ҷумҳурӣ як миллиарду 221 миллион доллар интиқол дода шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳаҷми умумии интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз Русия ба кишварашон 35-37 дарсади ММД ҷумҳуриро ташкил медиаҳд.
Комментарии (0)