Намоиши аксҳо таҳти унвони “Тоҷикистон ва Роҳи абрешим” дар Сиани Чин
6- уми январи соли ҷорӣ, бахшида ба 27-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маркази музофоти Шэнси - шаҳри таърихии Сиан Намоиши аксҳо таҳти унвони “Тоҷикистон ва Роҳи абрешим” доир гардид.
Намоиши мазкур аз шаш бахш – робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои сатҳи олӣ, ҳамкорӣ дар доираи “Камарбанд ва Роҳ”, манзараҳои табии Тоҷикистон, унсурҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ, иншооти меъморию фарҳангӣ, инчунин, дастовардҳои Маркази омӯзиши таърихи Тоҷикистон дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнси иборат буд.
Намоиш бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Маркази омӯзиши таърихи Тоҷикистони Донишгоҳи омӯзгории Шэнси баргузор карда шуд.
Дар доираи иштирок дар Намоиш мулоқоти Сафир бо Роҳбарияти Донишгоҳи болозикр доир гардид.
Комментарии (0)