Баҳси "Барқи тоҷик" бо сокини 80-солаи Душанбе. Дуздӣ ё сарфаи барқ? ВИДЕО
Солҳост, ки баҳси сокинону мақомот дар бораи гаронии нарх, дуздӣ, напардохтан ва барзиёд ҳисоб кардани пули барқи истифодашуда идома дорад. Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, аҳолӣ ҳудуди 1 миллиард сомонӣ пули нерӯи барқро надодааст ва баъзан ҳисобкунакҳоро ба нафъи худ "тоб додааст". Баръакс, сокинон шикоят мекунанд, ки нозирон пули барқи онҳоро барзиёд ҳисоб мекунанд ва ё маблағи додаашонро ба бонкҳо намесупоранд.
Қиссаи Канатов
Шабакаҳои барқи Душанбе як сокини 80-солаи пойтахтро ба дуздии барқ муттаҳам карданд. Масъулон мегӯянд, ҳисобкунаки Виктор Канатов дар як моҳ ҳамагӣ 8 сомонӣ кор кардааст, ки ғайривоқеӣ аст. Аммо ин мард худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд, барқро надуздидааст ва танҳо онро сарфакорона истифода бурдааст.
Виктор Канатов, ки дар хонаи якҳуҷраӣ дар маҳаллаи маъруф ба "Пивзавод" зиндагӣ мекунад, рӯзи 12-уми сентябр гуфт, дар як моҳ 300 сомонӣ нафақа мегирад ва барои пӯхтани хӯрок ҳамеша аз гази моеъ истифода мебарад ва хонаашро бо лампаҳои каммасраф рӯшан мекунад.
"Мисли ҳамсояҳо кондитсионер надорам, аммо нозирони барқ аз ман мепурсанд, ки чаро барқи шумо 7 - 8 сомонӣ кор мекунад? Гуфтам, ки сарфа мекунам. Вақте нисфи пули нафақаро барои барқ диҳам, чӣ хел барои худ ҳасиб харам?" -- мегӯяд Канатов.
Ба гуфтаи ин сокини Душанбе, маблағи ночизе, ки ҳисобкунаки барқии ӯ ҳар моҳ муайян мекунад, боис ба шубҳаи кормандони шабакаҳои барқ шуда, ӯро ба дуздӣ муттаҳам карданд.
Санҷиши нимашабӣ
Нозирони "Шабакаҳои барқ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯянд, барои гунаҳкор кардани Виктор Канатов далел доранд. Фаридун Ғаниев, сарнозири зеристгоҳи барқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 11-уми сентябр гуфт, онҳо дар як санҷиши нимашабӣ маълум карданд, ки барқ аз ҷониби ӯ ғайриқонунӣ истифода бурда шудааст.
"23-юми апрел мо бо гурӯҳи корӣ ба кӯчаи Лоҳутӣ 63, хонаи 2 рафта санҷиш гузарондем. Дидем, ки ҳисобкунаки муштарӣ хомӯш буд. Вақте ба дари хонаи ӯ занг задем, якбора ҳисобкунак ба кор даромад. Маълум шуд, ки муштарӣ барқро бе ҳисобкунаки барқӣ ба манфиати худ истифода мебарад. Яъне, ноқилеро, ки ба ҳисобкунак васл шудааст, скотч карда, корашро тағйир додааст", -- гуфт нозир.
Нозирон барои исботи иддаои худ навореро нишон доданд, ки дар он ба фарқ аз ҳисобкунаки хонаҳои дигар, ҳисобкунаки хонаи рақами 2, ки дар он Канатов зиндагӣ мекунад, хомӯш аст. Аммо Виктор Канатови 80-сола, далели нозиронро қабул надорад.
"Гӯиё ман ба ноқиле, ки 220 волт дорад, расидаам. Ин наметавонад далел бошад. Тамоми ҳисобкунакҳои ин бино шабеҳи ҳаманд," -- афзуд Канатов.
Бо шикоят аз кори кормандони шабакаҳои барқӣ ӯ ба Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кард. Дар пайи шикояти ӯ аз ҷониби Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуд. Канатов аз хулосаи ин санҷиш ва ҳаҷми киловатҳои ҳисобшуда розӣ нест.
Баъд аз санҷиши мақомот Виктор Канатов бо айби қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ 1200 сомонӣ ҷарима шуд. Дар огоҳиномаи идораи шабакаҳои барқӣ таъкид шудааст, дар сурати напардохтани ин маблағ барқ дар манзили ӯ қатъ карда мешавад.
"Вақте нарх гарон аст..."
Баҳси ширкати "Барқи тоҷик" бо сокинон барои истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии барқ ва барзиёд ҳисоб шудани он солҳост, ки идома дорад. Бино ба иттилои муттахассисони ширкати “Барқи тоҷик”, танҳо дар 6 рӯзи аввали моҳи сентябр, 212 ҳолати ғайриқонунӣ истифода шудани барқ аз тарафи сокинон ошкор шудааст. Ба гуфтаи масъулин, давоми як ҳафта сокинон ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ барқ дуздӣ кардаанд.
Мутахассисон мегӯянд, тағйир додани кори ҳисобкунакҳои феълӣ бо ҳадафи кам нишон додани маблағи барқ осон нест. Аммо аксаран онҳое ба ин кор даст мезананд, ки аз соҳа хуб огоҳанд ва ё аз хизмати устоҳои барқ истифода мебаранд.
Ба бовари бархе аз коршиносон як сабаби ба қоидавайронкунӣ ё дуздии барқ даст задани сокинон ҳам гаронии нархи он ва дасти кӯтоҳи мардум аст. Бори ахир нархи барқ аз 1-уми сентябри имсол баланд шуда, ба 22 дирам барои ҳар киловат соат баробар шуд.
Саидэҳсон Солеҳов, хабарнигори тоҷик гуфт, "вақте нархи ҳама чиз аз ҷумла барқ гарон аст, мушоҳида мешавад, ки на танҳо як шаҳрванди оддӣ ва нодор, ҳатто афроди доро ҳам кӯшиш мекунанд, маблағи воқеии истифодабарии барқи худро пинҳон доранд".
Низоми биллингӣ
Бархеи дигар ҳам баръакс аз он шикоят мекунанд, ки маблағи барқ аз тарафи нозирони барқ, барзиёд ҳисоб мешавад. Барои аз байн бурдани ин баҳсу гумонҳо ва ҷилавгирӣ аз дуздии барқ, ширкати "Барқи Тоҷик" чанд сол боз талош дорад, ба низоми биллингӣ, яъне пардохт ба воситаи кортҳои электронӣ гузарад.
Бо гузаштан ба ин низом ба гуфтаи таҳлилгарон имкон дорад ба ин баҳсҳо нуқта гузошта шавад. Аммо кай, ҳанӯз номаълум аст.
[media=blob:https://www.ozodi.org/4f4181c4-585a-4453-93ef-f2bb7435896f]
Комментарии (0)