Гавҳар Ҷӯраева: муҳоҷирситезӣ аз байн меравад
Коршиноси ташкилоти ҷамъиятии "Муҳоҷират ва қонун" Гавҳар Ҷӯраева тавзеҳ дод, ки чаро муносибат бо муҳоҷирон дар Русия бояд аз руи адолат бошад
Ҷӯраева мегӯяд, ки Русия сиёсати муҳоҷиратиашро тағйир медиҳад. Вай бар он аст, ки муносибат нисбати муҳоҷирон бояд аз рӯи адолат бошад.
"Муҳоҷироне, ки ба Русия омадаанд, омодаанд як ҷузъи фарҳангии ин кишвар шаванд ва ба иқтисод фоида расонанд. Аз ин рӯ муносибат бояд нисбати онҳо адолатнок бошад".
Ҷӯраева афзуд, ки дар Русия ҳарос аз муҳоҷирон низ камтар мешавад.
"Муҳоҷирситзӣ, ки асосаш бегона ва бад донистани муҳоҷирон аст, аз байн меравад. Раванди муҳоҷират низ танзим мешавад. Бояд оҳиста роҳеро пеш гирифт, ки зиндагии инсонро дар дигар кишвар осонтар мегардонад", - кайд мекунад коршинос.
Комментарии (0)