Дар Петербург кӯдаки 2- солаи тоҷик аз ошёнаи 7- ум сарозер шудаст
Дар ноҳияи Петроградскийи шаҳри Санкт-Петербург, кӯдаки 2- сола, аснои сарозер шудан аз баландии 25 метр ба ҳалокат расид
Ҳодисаи нохуш бегоҳи 10- уми сентябр, тахминан соати 19:00 дар кӯчаи Красний Курсанти шаҳри Санкт - Петербург рух додаст, хабар медиҳад сомонаи Фонтанка ру.
Бар хабари манбаъ, кӯдаки 2- сола аз ошёнаи 7- уми бинои истиқоматӣ сарозер шудаст.
Гуфта мешавад, ин кӯдак тӯри тирезаро фурӯ равонда, аз баландии 25 метр ба поён сарозер шудаст.
Зимнан маълум гардид, ки кӯдаки марҳум ҳамроҳ бо волидонаш, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд, дар бинои мазкур дар ҳуҷраи иҷора ба сар мебурданд.
Зикр гардидаст, ки падар ва модари кӯдак феълан бекор ҳастанд.
Манбаъ меафзояд, дар рӯзи рух додани ҳодисаи нохуш дамои ҳаво дар Петербург гарм буда ба 23 дараҷа баробар буд.
"Шояд кӯдак ба хотири нафас кашидани ҳавои салқин ба болои тиреза баромада, ба таври тассадуф ба поён афтидаст", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Комментарии (0)