"Беҳтар мебуд, маоши табибонро баланд мебурданд" САДО
Табибон дар Тоҷикистон муваззаф шудаанд, дар баробари донистани савганди Гиппократ, гимн ё суруди касбии табибони тоҷикро ҳам азёд кунанд. Фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ин бора рӯзи 4-уми январ ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид.
Дар фармон аз табибон хоста шудааст, ки матни суруд ё гимни табибро хуб аз бар кунанд, то ҳангоми қироати он ба хато роҳ надиҳанд. Дар ин санад омадааст, дар ҳолати иҷрои нодурусти гимн ё пурра иҷро нагардидани муқаррароти фармон фард ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешавад ва ё танбеҳ мегирад.
Суруди касбии табибон яке аз рамзҳои расмии соҳаи тандурустии Тоҷикистон гуфта шудааст.
Дилшод Каримов, як пизишки тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фармони вазир моҳи августи соли 2018 имзо шудааст, аммо иҷрои онро мақомоти беҳдошт баъд аз паёми президент ва дар оғози соли нав ҷиддӣ гирифтаанд.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар тамоми шифохонаҳо дар ҷаласаҳои корӣ ба онҳо таъкид мешавад, ки гимнро азёд кунанд. Ба гуфтаи Дилшод Каримов, раҳбарияти шифохонаҳо ба кормандонашон таъкид кардаанд, ки донистани гимни касбии табибон ҳангоми додани дараҷаҳои тиббӣ ба инобат гирифта мешавад.
“Вақти ҷаласаҳои субҳгоҳӣ аз кормандон талаб мешавад ва сардухтур як ба як табибонро аз ҷой хезонда суруди касбии табибонро мепурсад, ки азёд кардаанд ё не” – мегӯяд, ӯ.
Суруди касбии табибонро шоири ҷавон ва хабарнигор Орзу Исоев навиштааст ва онро овозхон Валиҷон Азизов ҳам сурудааст. Орзу Исоев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, эҷоди матни мувофиқ ба гимни касбии табибонро вазорати тандурустӣ аз ӯ дархост кард.
Ба қавли Орзу, суруд бо ҳадафи дилгармӣ ва ташвиқи табибони тоҷик барои анҷоми рисолатҳояшон таҳия шудааст.
“Аз миёни дардҳо чархи фалак
Роҳи дармону шифоро офарид.
Риштаи умри маризе бемаҳал,
То нагардад канда, моро офарид.” – порае аз гимни табибони тоҷик аст.
Шамсиддин Қурбонов пизишки тоҷик ва раҳбари маркази тиббии “Насл”, рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳияи суруди табибон кори дуруст аст, зеро “эҳсоси касбии ҳар як табибро бедор мекунад”. Вай афзуд:
“Руҳу равони табиб бояд омода бошад, ки вай хизмати мардумро ба анҷом мерасонад. Мо аз авлоди Сино ҳастем, инро набояд фаромӯш кунем, Сино, яъне кӣ? Дар ин суруд ҳам гуфта мешавад, ки
“Мо давоме аз давоми Ориён,
насли Сино - насли инсонпарварем”.
Ба гуфтаи ӯ, агар аз дасти табиб ҳам зимни муолиҷаи беморе ҳеҷ коре наояд, муносибати хуб дошта бошад ва ба бемор як умеди беҳтар шуданро бигӯяд.
Мавзӯи саломатӣ ва дастрасии мардум ба хадамоти тиббиии муносиб, ба як масъалаи доғи ҷомеа дар Тоҷикистон табдил шудааст. Беморон шикоят мекунанд, ки табибон дониши кофӣ надоранд ва онҳоро дуруст муолиҷа намекунанд. Илова бар ин барои муолиҷа пули зиёд мегиранд, ҳарчанд бисёре аз хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон бар асоси қонун бояд ройгон бошад.
Дар ҳоле, ки мақомоти беҳдошт аз роҳи суруди нави касбӣ мехоҳанд, табибони тоҷикро ба кору касбашон дилгарм кунанд, мунаққидон кору рисолати духтуронро болотар аз дастуроти маъмуриву идорӣ мебинанд.
Ин гурӯҳ мегӯяд, беҳтар буд, агар мақомоти Тоҷикистон таваҷҷуҳро ба беҳтар кардани хадамоти тиббӣ, таълиму тарбияи мутахассисон, дилгарм кардани духтурон аз роҳи боло бурдани маошу даромади онҳо равона мекарданд.
Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик талаби донистани суруди касбии табибонро "хурофотпарастӣ” меномад. Ӯ мегӯяд, “бо чунин кор беморро муолиҷа карда намешавад.”
Комментарии (0)