Cармураббии ССКА «Помир» Рустам Хоҷаев таъйин шуд

Cармураббии ССКА «Помир» Рустам Хоҷаев таъйин шуд

Рустам Хоҷаев, мутахассиси 46-солаи тоҷик, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон - ССКА «Помир»-и Душанбе таъйин шуд.

Ба иттилои Бошгоҳи футболи ССКА «Помир», ба иллати натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мавсими соли гузашта бо сармураббӣ Тоҳирҷон Муъминов муҳлати қарордод тамдид карда нашуд. Зимнан, бо раҳбарии Муъминов бошгоҳи низомиён соли 2017 барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардидааст.

Рустам Хоҷаев пеш аз ин охири моҳи августи соли гузашта сармураббии дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин шуда буд. «Панҷшер», ки дар мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мақоми пешазохирин - ҳафтумро касб намуд, аз рӯи натиҷаҳои ду бозии гузариш бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби умумии 11:4 ғолиб омад ва мавқеашро дар лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2019 нигаҳ дошт.

Рустам Хоҷаев, ки ҳамчун сармураббӣ ҳамагӣ як сол дар бошгоҳи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст, авохири моҳи феврали соли гузашта ба иллати натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2018 муқобили тими “Аҳал”-и Балканободи Туркманистон аз вазифааш сабукдӯш шуда буд.

Бояд гуфт, ки «Хуҷанд» бо раҳбарии ӯ соли 2017 медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 беҳтарин мураббии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Ин мутахассиси пуртаҷриба, инчунин, солҳои мухталиф ҳамчун сармураббӣ дар дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Барқчӣ»-и Душанбе кор кардааст.

Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2013 беҳтарин мураббии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд. Ҳамон сол дастаи «Хайр» бо раҳбарии ӯ медалҳои биринҷии қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардидааст.

Рустам Хоҷаев, ки дорои муҷаввизи мураббии дараҷаи «А» мебошад, дар гузашта ҳамчун футболбоз ба ҷуз дастаҳои Тоҷикистон, дар бошгоҳҳои футболи Қазоқистон ва Беларус бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба дарвозаи рақибонаш чор гол задааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий