Муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи 7 - уми бинои сохтмонӣ сарозер шудаст
Номбурда аз ошёнаи 7 - ум сарозер мешавад ва болои дастгоҳи ҳавотозакунӣ афтида, сахт маҷрӯҳ шудаст
Дар яке аз биноҳои сохтмонии вилояти Ленинградский як сохтмончӣ, ки аз Тоҷикистон будаст, аснои кор аз ошёнаи 7 - ум ба поён сарозер мешавад, хабар медиҳад сомонаи 47 News.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 4 - уми сентябр тақрибан соати 13:00 дақиқа дар бинои сохтмонии 14 ошёна воқеъ дар шаҳри Муринаи ҳамин вилоят рух додаст.
Гуфта мешавад, муҳоҷири 22 - солаи тоҷик, ки дар сохтмони мазкур кор мекард аз ошёнаи 7 - ум ба замин сарозер мешавад ва дар ошёнаи 2- юм болои дастгоҳи ҳавософкунӣ меафтад.
Манбаъ меафзояд, муҳоҷир пас аз чунин баландӣ сарозер шудан, зинда монд ва ҷароҳатҳои гуногунӣ ҷисмонӣ бардошт.
Феълан ин шаҳрванди Тоҷикистон дар беморхонаи шаҳри Мурина қарор дорад ва пизикон вазъи саломатии ӯро вазнини миёна арзёбӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл низ дар яке аз биноҳои сохтмонии Русия ду муҳоҷири тоҷикистонӣ ба чоҳи лифт сарозер шуданд ва хушбахтона зинда монданд.
Комментарии (0)