Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон: «Моҳи январи имсола боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёдтар дар назар аст»
Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор шуда, 4 ба 5 январ боридани боришот дар назар аст. 6 -7 январ ҳаво асосан бебориш шуда, рӯзҳои 8-9 дар қисми зиёди минтақаҳо боридани борону барф ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.
Бино ба итилои Ҷ. Байдуллоева, 4 ва 5 январ дар водиҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ асосан борон борида, дар як қатор водиҳои вилояти Суғд эҳтимолияти гузаштани борон ба барф дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар қисматҳои кӯҳӣ бештар барф борида, дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон гузариши борон ба барф пешгӯӣ мешавад.
«Дар шаҳри Душанбе ва водии Ҳисор 4-5 январ асосан борон борида, бегоҳ эҳтимолияти боридани барфи тар дар назар аст. Вале дар қисми зиёди водиҳои вилояти Хатлон боридани борони шиддатнок дар назар аст. Шаби 8 ба 9 январ дар ҷумҳурӣ эҳтимолияти боридани барфи тар дар назар аст. Ҳамчунин 11 январ низ дар қисми зиёди ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боридани барфи на он қадар шиддатнок пешгӯӣ мешавад»,- иброз дошт сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ.
Бояд гуфт, ки давоми моҳи январ дар қисмати зиёди ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон барфи камшумори тар дар назар аст. Қисматҳои кӯҳӣ сербориш шуда, боридани барф ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Ҷамила Байдуллоева, тибқи маълумоти Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ моҳи январ сербориш пешгӯӣ шудааст. «Ин пешгӯӣ боқӣ мемонад, зеро тибқи таҳлилҳо ҳақиқатан дар қисми зиёди минтақаҳои тобеи марказ, қисмати ғарбии вилояти Бадахшон, як қатор минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон боришоти аз меъёри муқаррарӣ зиёдтар дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳо, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби Бадахшон ба меъёри муқаррарӣ наздик ё эҳтимолияти то як дараҷа сард шудан дар назар аст.
Бояд гуфт, ки моҳи январи соли гузашта дар қисмати зиёди ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз 1 то 2 дараҷа гарм буд. Имсол низ ба меъёр наздик будани он пешгӯӣ шуда, нисбат ба соли 2018 то 1 дараҷа сард омадани ҳаво эҳтимолият дорад»,-гуфт Ҷамила Байдуллоева.
Комментарии (0)