Вазири тандурустӣ Насим Олимзода: «Табибони кишварро мебояд, ки дар иҷрои вазифаи ҷонии худ ва риояи қасами Гиппократ серталаб бошанд»
Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии «Шифобахш» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ–Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазир, сардорони раёсатҳо, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, инчунин сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ҷаласаи васеи корӣ доир гардид.
Дар кори ҷаласа Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ натиҷагирӣ карда шуда, ҳамзамон зимни он камбудиҳои ҷиддиву эродҳои баённамудаи Сарвари давлат зимни ирсоли Паём дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода иброз дошт, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди таърихи навини Тоҷикистон, мустаҳкам сохтани сулҳу амнияти миллӣ, гиромидошти анъанаву суннатҳои хоси тоҷикон беназир буда, таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари мамлакат ба ҳар як самти сиёсати давлатӣ, рушду такомули ҳаёти мардум, пешбурди илму маърифат ва танзими муносибат дар ҷомеа аз ғамхориву меҳрубонии Пешвои муаззами Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
«Дар ҳақиқат, Паёми навбатӣ тамоми дастоварду комёбиҳои соли 2018-ро дар бар гирифта, ҳамзамон дар он роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба таври амиқ дарҷ гардидаанд»,-баён дошт Насим Олимзода.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз дошт, ки ба хизматрасонӣ ва муоширати табибон аз ҷониби Пешвои миллат эрод гирифта шуд, ки ин боиси таассуф аст, зеро вазифаи ҷонии табиб дар назди халқ хизмати содиқонаву софдилона аст. «Табибони кишварро мебояд, ки дар иҷрои вазифаи ҷонии худ ва риояи қасами Гиппократ нисбат ба худ серталаб бошанд»,- зикр намуд Вазири тандурустӣ.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бахше аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла зикр кард, ки «Паём ин барномаи амал аст, агарчӣ дар он баъзе натиҷагириҳо нишон дода мешаванд, лекин мақсади асосии Паём муайян кардани роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа барои солҳои оянда аст».
Иштирокдорони ҳамоиш вобаста ба мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва таъкиди онҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, барои ҳаллу ислоҳи онҳо пешниҳоду андешаҳои худро иброз намуданд.
Ҷиҳати ҳалли мушкилот ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарону масъулини муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Комментарии (0)