Ташкили нуқтаи тиббӣ ва ситоди шабонарӯзӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

Ташкили нуқтаи тиббӣ ва ситоди шабонарӯзӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни як боздиди корӣ бо вазъи имрӯзаи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар бораи ташкили нуқтаи тиббӣ ва ситоди шабонарӯзӣ дар шоҳроҳи мазкур супориш додааст.

 Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ахиран зимни як боздиди корӣ бо вазъи имрӯзаи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз наздик ошно шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Раиси вилоят изҳор доштааст, ки шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аҳмияти стратегӣ дорад ва он бояд дар тамоми сол, аз ҷумла фасли зимистон кушода бошад.

Рафаббой Аҳмадзода афзудааст, ки дар роҳҳои мошингарди минтақаҳои куҳӣ боришот бештар ба назар мерасад ва дар бархе ҳолатҳо мусофирону ронандагон ба кӯмаки табибон ниёз пайдо мекунанд.

Манбаъ таъкид нгамудааст, ки бо назардошти ин нукта Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки бо мақсади расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ дар ҳолатҳои зарурӣ дар минтақаи Шаҳристон ба таври муваққатӣ нуқтаи тиббӣ ташкил карда шавад.

Инчунин, Раиси вилоят ҳамзамон дастур дод, ки дар роҳҳои мошингарди ин минтақа ситоди шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, бехатарии ҳаракат дар шоҳроҳ таъмин карда шавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий