Қаҳрамонии CAFA (U - 19) : пирӯзии навбатии мунтахаби Тоҷикистон
Футболбозони зери синни 19 - солаи Тоҷикистон дар бозии навбатӣ бо тими Афғонистон бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст оварданд
Бино бар хабари кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дирӯз дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд.
Ин навбат дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Афғонистон пирӯз гашт.
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бар тими ҷавонони Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ислом Зоиров (дар дақиқаи 8-ум), Шаҳром Самиев (36) ва Абдулмуъмин Забиров (68) заданд.
Дар бозии дигари давр Эрон ба дарвозаи тими Туркманистон 4 голи беҷавоб зад.
Ёдовар мешавем, ки футболбозони ҷавони кишвар дар даври дуюм бар тими Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба карда буд.
Дар даври чорум имрӯз – 13 август – Эрон бо Афғонистон (соати 17:00), Тоҷикистон бо Узбекистон (20:00) вомехӯранд.
Ёдовар мешавем, ки Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби ҷавонони (U-19) Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Туркманистон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.
Комментарии (0)