Гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон аз зарари гӯшт

Гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон аз зарари гӯшт
Телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳафтаи равон аз зарари истеъмоли барзиёди гӯшт, махсусан гӯшти равғанӣ гузориш нашр намуд

Шабакаи "Тоҷикистон" дар арафаи Иди Қурбон, ки 11-уми август таҷлил мешавад, гузориш дод, ки истеъмоли аз меъёр зиёди гӯшт, боиси бемориҳои зиёд, аз ҷумла фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, сактаи дил ва диабети қанд мегардад.

Дар навори гузориши телевизиони давлатӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ паҳн шудааст, Ҳотамбек Хайров, мудири муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” мегӯяд, “миқдори истеъмоли чунин маҳсулотро мо бояд дар вояи ғизоямон кам кунем”.

Гузоришгарон таъкид кардаанд, ки ин масъала дар Тоҷикистон низ ҷой дошта, барои ҷилавгирӣ аз бемориҳо зарур аст, ки шаҳрвандон аз истеъмоли зиёди гӯшт, махсусан гӯшти серравған худдорӣ намоянд.

Ин дар ҳолест, ки феълан бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз болоравии нархи гӯшт дар кишвар шикоят карда, изҳор медоранд, ки бо маошҳои ҷорӣ дар ҷумҳурӣ тавони молии хариди гӯштро надоранд.

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талабот ва гарон шудани нархи ғизои чорво рабт дод.

Ба гуфтаи вазир, нархи ҳайвоноти чорпои хонагӣ ба далели боло рафтани арзиши хӯроки чорво, аз ҷумла кунҷора афзоиш ёфтааст.

Ҳикматуллозода иттилоъ дод, ки дар пайи таҳлили вазъи бозор, Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ки барои соҳибкорони ватанӣ зимни воридоти хӯроки чорво сабукиҳо ироа кунад. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки аз 1 август мавриди амал қарор гирифтааст, хӯроки чорво ба кишвар бидуни пардохтҳои гумрукӣ ворид мегардад.

Вазир муътақид аст, ки ин иқдом барои поин бурдани нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий