Тоҷике дар маҳали кор дар Русия ҳалок шуд

Тоҷике дар маҳали кор дар Русия ҳалок шуд
Дар майдони сохтмонии маҷмааи меҳмонхонаҳои “Ладя” дар Ханти-Мансийски Русия муҳоҷири кории тоҷик аз баландии 3,5 метр афтода ҷон бохт.

Валерий Лапшов, раҳбари сохтмон гуфтааст, ки аз боло пораи бетон ба сари муҳоҷири тоҷик фурӯ рехта ва дар натиҷа ин ҷавон ба поён сарозер шудааст.

Ҳоло ширкати сохтмонӣ ин қазияро тафтиш мекунад.

Валерий Лапшов таъкид кардааст, харҷи интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон аз ҳисоби ширкат пардохт шуда ва ба аҳли  хонаводаи маҳрум ҷубронпулӣ пардохт хоҳад шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий